Дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон тирандозӣ ба амал омад


Соати 10:30-и 24-уми майи соли 2020 чӯпонҳои қирғиз дар ҳудуди деҳаи Пули Офтобрӯяи ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара, ки бо деҳаи қирғизнишини Чичилик ҳамсарҳад мебошад, вориди қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон гардида, ба муноқишаи навбатӣ бо сокинони наздимарзии ин кишвар даст заданд.
Дар ин бора Маркази матбуоти Қушӯнҳои Сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бино ба маълумоти манбаъ сокинони деҳаи Пули Офтобрӯя ба ин амали ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон вокуниш нишон дода, аз онҳо даъват мекунанд, ки қаламрави деҳаро тарк намоянд.
Ҷониби қирғиз ба ҷойи риояи иҷрои созишномаҳои дуҷониба, ки аломатгузориро дар минтақаҳои баҳснок мушаххас мекунад, ба маҳали ҳодиса қувваҳои иловагии сарҳадбононро сафарбар карда, ба сӯи сокинони бесилоҳи деҳаи Пули Офтобрӯя аз яроқи оташфишон тирпаронӣ мекунанд. Дар натиҷаи тирпаронии сарҳадбонони қирғиз, сарбози қаторӣ Зоиров Давлатёр Миронбекович, соли таваллудаш 2001 аз пояш захм мебардорад.
Айни замон, намояндагони мақомоти дахлдори ду кишвар дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, барои муътадил сохтани вазъият дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадеҳӣ бурда истодаанд.
Бояд, гуфт, ки чанде пеш низ дар сарҳади ин ду кишвар чунин тирпарронӣ ба амал омада буд.
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ