Тоҷикистон 194 шаҳрванди дармондаи худро аз Туркия баргардонд

Тоҷикистон 194 шаҳрванди дармондаи худро аз Туркия баргардонд

  • Post category:Ҷаҳон


Аз Туркия 194 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида шуданд. Дар ин бора Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тоҷикистониён ба далели авҷи маризии коронавирус ва баста шудани равобити ҳавоӣ дар Туркия дармонда буданд.
Манбаъ меафзояд, баргардондани шаҳрвандони тоҷик аз Туркия бо дастури раисҷумҳури Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт.
Президенти Тоҷикистон қаблан супориш дода буд, ки марҳила ба марҳила бо роҳҳои ҳавоӣ ва заминӣ тоҷикистониёни дар хориҷа дармонда ба Ватан баргардонда шаванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ