Дар Бошқирдистон беш аз 50 нафар коргари ӯзбекистонӣ ба вирус мубтало гаштанд

Дар Бошқирдистон беш аз 50 нафар коргари ӯзбекистонӣ ба вирус мубтало гаштанд

  • Post category:Саломатӣ

Дар меҳмонхонаи «Сказка»-и қишлоқи Малоязи ноҳияи Салавот, дар ҳудуди Бошқирдистон манбаи нави коронавирус аниқ гардидааст. Бино ба маълумоти нашри «Комерсант» ҳафтаи охир дар 68 нафар коргари ӯзбекистоние, ки дар ин меҳмонхона буданд, инфексияи коронавирус аниқ шудааст. Онҳо барои кор ба маҷмӯаи гармхонаи «Горний»-и дар сарҳади вилояти Челябинск ҷойгирифта омадаанд. Бино ба хабари Вазорати ҳифзи тандурустии Бошқирдистон дар аксари зарардидагон беморӣ бо формаи сабук мегузарад. Меҳмонхона ба карантин гирифта шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ