Аз аввали моҳи июн сарҳади байни Ӯзбекистон, Эрон ва Туркманистон кушода мешавад

Аз аввали моҳи июн сарҳади байни Ӯзбекистон, Эрон ва Туркманистон кушода мешавад

  • Post category:Ҷаҳон

Сарҳади байни Эрон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, ки ба хотири густариши корона баста шудааст, аввали июн бозгушоӣ хоҳад шуд.
Ғуломаббос Арбобхолис, сафири Эрон дар Туркманистон рӯзи шанбе гуфт, ройзанӣ ва машваратҳои дипломатию сиёсӣ ба таври рӯзона барои бозгушоии марзҳо бо ҳадафи аз саргирии содирот, транзит ва табодули коло бо Туркманистон ва дигар кишварҳои минтақа идома дорад.
Нақли қавли сафири Эрон дар Туркманистонро хабаргузории «Парстудей» бо такя ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ироа кардааст.
«Дар чорчуби ин музокирот рӯзи гузашта нишасти сеҷонибаи раисони роҳи оҳани давлатии се кишвари ёдшуда ба сурати видеоконфронс баргузор ва муқаррар шуд, роҳҳои оҳани ин кишварҳо то аввали июн бо насби нақбҳои безараргардонидашуда дар ду тарафи марзҳо ва бо риояти стандартҳои мушобеҳ ва ҳамсон бо якдигар, бозгушоӣ шавад»,-изҳор доштааст Арбобхолис.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ