Покӣ ва покизагӣ дар дини мубини ислом Баноми Худованди бахшояндаву меҳрубон

Покӣ ва покизагӣ дар дини мубини ислом Баноми Худованди бахшояндаву меҳрубон


Дини мубини Ислом комилтарин дини осмонӣ буда посухгўйи тамоми паҳлўҳои зиндагии инсон мебошад. Ислом ҳамеша мавзўъҳоеро, ки барои покию тозагӣ, ҳифзи саломатӣ ва тарзи ҳаёти солим ба мо кўмак менамоянд, дастгирӣ мекунад. Расули Худо (с) дар баёни аҳаммияти назофати беҳдошти тан ва робитаи он бо буъди маънавии инсон фармуд: “Назофат аз имон аст.” Яъне муъмин пок ва назиф аст ва касе, ки назофатро риоят накунад, имони комиле надорад. Дар аҳодиси набавӣ оиди риояти беҳдошт ва назофати бадан ҳашт чиз суннат аст:
Мисвоки дандон.
Шустани даҳон.
Истиншоқи бинӣ.
Шона задани мўйи сар.
Хатна кардан.
Тоза кардани зери бағал ва ноф.
Нохун гирифтан.
Шустушўи бадан.

Назофати зоҳири инсон бо покии рӯҳи ӯ пайванди амиқе дорад, ҳамон гуна ки оростагии зоҳири инсон ба зебоии ботини ӯ далолат мекунад. Паёмбари Ислом(с) худ паёмовари покӣ ва назофат буд. Ҳангоми мулоқот бо ӯ аввалин вижагие ба чашму дили ҳар бинандаро навозиш медод, оростагӣ, поки ва зебоӣ зоҳири он Ҳазрат (с) буд. Расули Худо(с) шахсан ба покизагӣ алоқаи фаровоне дошт ва дар назофати бадан ва либос беназир буд. Илова бар одоби вузў, бисёр рӯзҳо бадани худро шустушў мекард. Ба ёрон ва пайравони худ таъкид мекард, ки сару рў, ҷома ва хонаҳояшонро покиза нигаҳ доранд ва водорашон месохт, ки дар рӯзҳои ҷумъа худро шустушў дода ва муаттар созанд, он гоҳ дар намози ҷумъа ҳузур ёбанд, то ки бӯи бад аз онҳо ба машоми дигарон нарасад.
Яке аз дастуроти муҳими беҳдошти Ислом, беҳдошти даҳон ва дандон аст. Тамоми пешвоёни бузурги динӣ дар ин бора таъкиди фаровон кардаанд. Ба хусус дар сираи амалии Паёмбари Ислом (с) ин амр таъкиди хоссе шудааст. Худи он Ҳазрат (с) ҳар рӯз чанд бор, махсусан шабҳо пеш аз хоб ва пас аз бедорӣ ва ҳангоми вузў гирифтан дандонҳояшро бо диққат мисвок мекарданд ва ҳатто ҳангоме ки дар бистари беморӣ ва дар охирин дақиқаҳои умри дунявии худ буданд, мисвок хостанд ва дандонҳои худро мисвок карданд.
Дар бораи мисвок мефармуданд: “Ҳеҷ гоҳ Ҷабраил наздам наёмад, ҷуз онки маро ба мисвок суфориш намуд. Агар мардум аз фоидаҳои мисвок огоҳ буданд, онро ҳамеша ҳамроҳи хеш доштанд ва ба бистар мебурданд”. Паёмбар (с) ба Алӣ (к) фармуданд: “Эй Алӣ! Бо ҳар вузўе, ки барои намоз мегири мисвок бикун.”
Расули Худо (с) барои беҳдошт ва саломатии бадан аҳаммияти фаровоне қоил буданд. Дар ростои таъкидҳои беҳдоштӣ нисбат ба беҳдошти муҳити зиндагӣ низ таваҷҷуҳи хоссе доштанд. Иҷозат намедоданд канори чоҳи оби ошомиданӣ, зери дарахти мевадор, миёни қабрҳо, дар роҳҳо ва саҳни хонаҳо қазои ҳоҷат кунанд.
Ҷорўб задан ва покиза намудани хонаро мустаҳаб медонистанд. Паёмбар (с) дар ин маврид фармуданд: “Зубола (мусор)-ро қабл аз фаро расидани шаб аз хона хориҷ намоед, зеро ҷойгоҳи Шайтон (микроб) аст.”
Он Ҳазрат (с) дўст намедоштанд зарфҳо ба сурати ношуста гузошта шаванд ва мефармуд: “Шабҳо пеш аз хоб рӯи онро бипўшонанд”. Вақте атса мезаданд, даст ё пироҳанашро пеши даҳонашон мегирифт ва оҳиста атса мезаданд. Чун хамёза мекашиданд дасташонро баробари даҳонашон мениҳоданд.
Худованд тавфиқи амал ба гуфтаҳои Расули Худо (с)-ро ба мо бидиҳад ва моро дар дунёву охират сарбаланд бигардонад ва аз тамоми маризиҳову бемориҳо дар амон нигоҳ дорад. Омин!

Ҳомидов Абдулвоҳид

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ