Имрӯз дар 5 ҳудуд ҳолатҳои нави зарарбинӣ аниқ гардид

Имрӯз дар 5 ҳудуд ҳолатҳои нави зарарбинӣ аниқ гардид

Рӯзи 24-уми майи соли ҷорӣ 49 ҳолати зарарбинӣ аз коронавирус аниқ шуд ва 33 бемор солим гашт. То ин вақт 2565 бемор солим гашт. Айни замон дар шифохонаҳо 586 бемор даво меёбад. Имрӯз дар панҷ ҳудуд-шаҳри Тошканд, вилоятҳои Тошканд, Самарқанд, Наманган ва Навоӣ ҳолатҳои нави зарарбинӣ аз вирус муайян гардид. Хусусан, дар Тошканд дар 12 нафар, дар Навоӣ дар 5, дар Самарқанд дар 3 нафар одам ташхиси коронавирус монда шуд. Дар Самарқанд дар байни аҳолӣ 8 ҳолат аниқ гардид. 12 бемор сиҳат гашт. 102 нафар беморро дар шифохонаҳо даво мекунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ