Раиси собиқи парлумони Қирғизистон аз коронавирус вафот кард

Раиси собиқи парлумони Қирғизистон аз коронавирус вафот кард

  • Post category:Ҷаҳон


Мукар Чолпонбоев, фаъоли ҷамъиятиву сиёсӣ, раиси пешини порлумони Қирғизистон рӯзи 24-уми май аз вируси корона фавтид.
Чолпонбоев рӯзи 5-уми май дар бемористон бистарӣ шуд ва 12-уми май ба шуъбаи эҳё интиқол ёфт. Ӯ зери дастгоҳи нафаси сунъӣ муолиҷа мегирифт.
«Баъди мубталошавӣ ба вируси корона вазъи сиҳатиаш бадтар шуд ва ба илтиҳоби дутарафа гирифтор ва ҳамзамон нафасгириаш душвор гардид. Вай ҳамчунин дарди қалб, гурда ва дигар бемориҳо дошт», — хабар додааст ситоди фаврии Қирғизистон.
Чолпонбоев 15-умин қурбонии COVID-19 дар Қирғизистон аст.
Мукар Чолпонбоеви 70-сола дар солҳои 1995-96 раиси порлумони Қирғизистон буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ