14 нафар шифокорони чинӣ барои мубориза бо коронавирус ба Душанбе омаданд

14 нафар шифокорони чинӣ барои мубориза бо коронавирус ба Душанбе омаданд

  • Post category:Ҷаҳон


Гуруҳи 14 нафараи табибон, аз ҷумла вирусологҳои чинӣ аз музофоти Шэнсии Чин бо парвози чартерии махсус ба Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон омаданд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии шаҳрдорӣ, пизишкони чинӣ бо даъвати Рустами Эмомалӣ барои мубориза бо коронавирус ба Душанбе омаданд.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин аз ҷониби Сафоратхонаи Чин ба Тоҷикистон 5 адад дастгоҳи нафасгирии сунъӣ   (ИВЛ) ва аз тарафи  Ҳукумати мардумии музофоти Шенсӣ бошад, 10 адад дастгоҳи нафасгирии сунъӣ (ИВЛ), 2400 баста либоси муҳофизатии яккарата, 9500 адад ниқоби муҳофизатии тиббӣ,  45000 ҷуфт дастпӯшакҳои яккарата, 45000 дона бахил кумак карда шудааст.
Манбаъ мегӯяд, ҷониби Комиссияи ҳамҷаворӣ ва дӯстии Созмони ҳамкориҳои Шанхайи  Ҷамъияти дӯстӣ бо кишварҳои хориҷаи музофоти Шенсӣ зиёда аз 3000 Реагенти кислотаи нукелин барои муайянсозии сирояти коронавирус кумак  расид.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳаҷми кумак, дар маҷмуъ, маблағи беш аз 700 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ