Ба саволи пурдолузарб ҷавоби аниқ: испаниягиҳо усули давои коранавирусро ёфтанд-мӣ?

Савол: оиди аз ҷониби амрикоиҳо, хитоиҳо, россиягиҳо ёфт шудани ваксинаи коронавирус мешунавем. Баробари ин маълумот оиди аз ҷониби испаниягиҳо ёфтшавии усули давои коронавирус мешунавем. Ин ба кадом дараҷа дуруст аст? Ба ин савол сардори Нозироти давлатии санитариву эпидемиологии назди Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Нурмат Отабеков ҷавоб дод: Дуруст аст, ки оиди аз ҷониби амрикоиҳо, хитоиҳо, россиягиҳо ёфт шудани ваксина зидди коронавирус бо воситаи ВАО хабардор мешавем. Ваксина ёфт мешавад, албатта. Аммо, барои ин вақт лозим. Агар дар тамоми дунё аз як гиребон сар бароварда, аз имкониятҳо истифода карда барои бунёди ваксина қувва сарф намоянд ҳам, барои истеҳсоли дозаи лозима 1,5-2 сол лозим. Яъне ин ҷараёни дароз аст. Дар усули давои испаниягиҳо баробари ба одамон пайдошавии аломатҳои коронавирус фиристондани препарати гепарин ва дар байни 48 соат фиристондани он натиҷаи хуб додани он гуфта шудааст. Аммо, камбудии гепарин ҳаст. Он хунравиро ба миён оварданаш мумкин. Барои ҳамин, олимон аз болои бартарафсозии камбудии мазкур кор бурда, молекулаи IL GABESATO ихтироъ карданд. Шифокорон тасдиқ мекунанд, ки он ферменти дар қабати болоии шуш вомехӯрда буд. Молекулаи мазкур барои ба ҳуҷайра даромадани вирус монеъгӣ мекунад. Тадқиқотчиёни испанӣ ба ҳисоби камшавии истеҳсоли ситотоксинҳо, аз ҷумла, ФНО-алф зидди зарарёбӣ мубориза мебаранд, мефаҳмонанд. Ин усули табобатро ҳам ҳоло асоснок накардаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ