Шумораи гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон аз 3 ҳазор нафар афзуд

Шумораи гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон аз 3 ҳазор нафар афзуд

  • Post category:Ҷаҳон

Шабонарӯзи охир 171 ҳолати нави бемории Covid-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ иттилоъ додааст, ки то соати 25-уми май дар ин кишвар 3100 нафар бо ташхиси сирояти коронавирус ошкор шуда, аз ин беморӣ то кунун 1395 кас шифо ёфтаанд. То ин муддат 46 нафар бар асари он фавтидаанд.

Ҳамзамон дар мамлакат 2773 кас зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 232 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ