Муддати ҳатман иваз кардани гувоҳномаи ронандагӣ ба намунаи нави гувоҳнома то охири соли 2021 идома дода шуд.

Бо қарори Девони Вазирон аз 22 — юми май таҳти рақами 319 ба баъзе қарорҳои ҳукумат тағирот дохил карда шуданд.Дар ин бора Вазорати адлия рӯзи 25 — уми май хабар дод. Мувофиқи тағирот муддати ҳатман ба намунаи нави гувоҳнома иваз кардани гувоҳномаи ронандагӣ ба як сол идома дода шуда, то охири соли 2021 муайян гардид.
Гувоҳномаҳои миллии намунаи кӯҳнаи ронандагӣ ва гувоҳномаҳо дар бораи аз рӯйхат гузаронидани воситаҳои автонақлиётӣ аз 1-уми январи соли 2022 ҳақиқӣ шуморида намешавад.( Қаблан аз 1-уми январи соли 2021 буд.)
Ғайр аз ин ба қатори ҳуҷҷатҳо роҷеъ ба тасдиқ кардани дар давоми 12 моҳ идора кардани воситаҳои автомотонақлиётӣ гувоҳнома барои хешовандони наздики соҳиби воситаи нақлиётӣ роҷеъ ба аз рӯйхат гузарондани воситаҳои автомотонақлиётӣ ва полиси суғурта дар бораи суғуртаи ҳатмии масъулияти шаҳрвандии соҳиби воситаи нақлиётӣ низ илова карда шуданд.
Хотиррасон мекунем,ки додани гувоҳномаҳои ронандагии намунаи нав соли 2017 оғоз шуда буд. Шаҳрванд барои иваз кардани гувоҳномаи ронандагӣ ба маркази хизматҳои давлатии ҷое, ки ба таври доимӣ истиқомат мекунад, агар дар марказ чунин намудӣ хизмат набошад, ба шӯъбаҳои дахлдори худудии СБҲР муроҷиат мекунад.
Ҳангоми муроҷиат шаҳрванд шиноснома,гувоҳномаи кӯҳнаи ронандагӣ ва талони онро пешниҳод мекунад. Барои иваз кардани гувоҳномаи кӯҳна ба гувоҳномаи нав ба миқдори 70 фоизи БҲМ ( ҳоло 156100 сӯм) пардохта мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ