Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ёрии навбатии худро фиристонд


Тибқи хабари Asia- Plus Ӯзбекистон ба кишвари ҳамсояи Тоҷикистон ёрии башардӯстии навбатиро фиристод. Он аз 24 тонна доруву дармон ва асбобҳои тиббӣ иборат аст.
Ёрие, ки аз Ӯзбекистон вориди кишвар гашт барои ҳимояи саломатии иҷтимоӣ ва Садорати ҳифзи тандурустӣ тақдим карда шуд, хабар медиҳад маъмурияти ҳокимияти шаҳри Душанбе.
Гуфтан мумкин аст, ки ин сеюмин ёрии инсонпарваронаи ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ