Ҳукумати ИМА дар давраи пандемияи коронавирус барои муҳоҷирони меҳнатии Осиёи Марказӣ 2 миллион доллар ҷудо мекунад

Ҳукумати ИМА дар давраи пандемияи коронавирус барои муҳоҷирони меҳнатии Осиёи Марказӣ 2 миллион доллар ҷудо мекунад
  • Post category:Ҷаҳон


Лоиҳа инчунин дастгирии муҳоҷирони меҳнатии Ӯзбекистонро низ дар назар дорад.
Ҳукумати ИМА тавассути Агентии Байналхалқии Тараққиёт (USAID) бо мақсади ҳифзи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ҳангоми пандемияи коронавирус 2 миллион доллар ҷудо мекунад.
Мувофиқи маълумоти сафоратхонаи ИМА дар Тошканд, кӯмаки номбурда, дар доираи лоиҳаи USAID «Мигратсияи бехатар дар Осиёи Марказӣ» мебошад, ки аз ҷониби Winrock International татбиқ мешавад ва дастгирии муҳоҷирони меҳнатии Ӯзбекистонро низ дар бар мегирад.
Пандемияи коронавирус миллионҳо нафар муҳоҷирони Осиёи Марказиро ба бӯҳрони гуманитарӣ ва молиявӣ оварда расонид, ки аксарияти онҳо дар сарҳадҳои Осиёи Марказӣ ба мушкилиҳо дучор меоянд.
Лоиҳаи «Мигратсияи бехатар дар Осиёи Марказӣ» панҷ кишвари Осиёи Марказиро барои тақвият додани масъулияти амалияҳои ба далелҳо асосёфта ва муносибатҳои наздисарҳадӣ, баланд бардоштани самаранокии ҳукуматҳо, ТНН ва бахши хусусӣ дар пешгирии савдои одам, ҳимояи қурбониён ва таҳкими амният дастгирӣ мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ