Дар Туркия баъди 1,5 моҳ ба гузаронидани тӯй ва тантанаҳои оилавӣ рухсат дода мешавад

Дар Туркия баъди 1,5 моҳ ба гузаронидани тӯй ва тантанаҳои оилавӣ рухсат дода мешавад
  • Post category:Ҷаҳон

Дар Туркия аз 11-уми июл сар карда, ба гузаронидани тӯй ва тантанаҳои оилавӣ рухсат дода мешавад. Дар ин бора нашрҳои маҳаллии мамлакат бонг мезананд. Аъзои Шӯрои коронавируси илмии Вазорати ҳифзи тандурустии Туркия, профессор Сечил Ӯзкан таъкид кардааст, ки аз ҳафтаи ҳаштуми ба ҳаёти мӯътадил баргаштан, яъне аз мобайнҳои моҳи июл сар карда, дар мамлакат гузаронидани тӯй ва тантанаҳои оилавӣ мумкин мешавад. Аммо, ин ба вазъияти ҳукмронии бемории хавфнок вобаста аст. «Дар тадбирҳо ба ниқоббандӣ, ҳифзи масофаи иҷтимоӣ ва қоидаҳои гигиенӣ риоя намудан зарур аст.» гуфтааст Ӯзкан.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ