Ордени «Саломатлик» таъсис гардид

Аз ҷониби Президент Қонун «Дар бораи таъсис кардани ордени саломатӣ» (ҚҶӮ таҳти рақами-620, 26.05.2020) имзо карда шуд.

 Ордени «Саломатлик» бо қонун таъсис гардида, низом тасдиқ карда шуд.

Мувофиқи он , бо ордени «Саломатлик» шаҳрвандони Ӯзбекистон барои хизматҳои барҷаста дар рушди соҳаи тандурустӣ дар кишвар, беҳтар намудани саломатии аҳолӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналхалқӣ дар ин соҳа мукофотонида мешаванд.
Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд низ метавонанд бо орден сарфароз гарданд.

Ордени «Саломатлик» аз ду дараҷа иборат аст.

Мукофот аз рӯи қоида, бо тартиби зерин: аввал дараҷаи II, сипас баъди на камтар аз 3 сол бо дараҷаи I тақдиронида мешавад.
• Ба шахсоне, ки бо ордени «Саломатлик»-и дараҷаи I сарфароз шудаанд, ба миқдори 30 маротиба БҲМ, ба онҳое, ки бо ордени дараҷаи II сарфароз гаштаанд, ба миқдори 25 маротибаи БҲМ мукофоти яквақтаи пулӣ дода мешавад;

• Нафароне, ки дараҷаи I ва II ордени «Саломатлик» доранд, аз имтиёзҳои пешбининамудаи қонун истифода мебаранд.

Қонун аз рӯзи интишори расмӣ ба амал татбиқ карда мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ