Марди қирғиз ба сӯйи шаҳрванди Тоҷикистон тир холӣ кард

Марди қирғиз ба сӯйи шаҳрванди Тоҷикистон тир холӣ кард

  • Post category:Ҷаҳон


Соати 11:55-и  27-уми майи соли 2020 бархилофи созишномаҳои қаблан баимзорасида, шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон Бахтибеков Соат, сокини деҳаи Куктоши ҷамоати деҳоти Оқсой ба сӯйи ҷавонзани 25-сола, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тир холӣ кардааст.
Дар ин бора Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Манбаъ аз шаҳрванди тирхӯрдаи Тоҷикистон, Шаропова Шукрона Зуҳурбоевна (Муътабархонуми Зухриддин), соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи маҳаллаи Қақири Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ном бурд. Шаропова аз қисмати рости баданаш захмӣ шудааст.
«Ин амали иғвоангезонаи сокини ҶҚ нишонаи кӯшиши ба таври сунъӣ ноором кардани вазъият дар хати сарҳади давлатӣ арзёбӣ мегардад, ки метавонад вокуниши ҷавобиро аз ҷониби сокинони наздисарҳадӣ дар ин минтақаи ҳассос барангезад», — омадааст дар хабар.
Манбаъ таъкид кардааст, ки айни замон Шаропова дар ҳолати миёнаи вазнин дар беморхонаи шаҳрӣ бистарӣ гардида, мақомоти дахлдори ду давлат дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, барои мушаххас намудани ҷузъиёти қазияи бамиёномада миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ