Дар Русия 75-умин солгарди Рӯзи Ғалаба кай гузаронида мешавад?

Дар Русия 75-умин солгарди Рӯзи Ғалаба кай гузаронида мешавад?

  • Post category:Ҷаҳон

Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин рӯзи таҷлили 75-умин солгарди Рӯзи Пирӯзиро, 24 июн эълом кард.
«Фармон медиҳам, ки омодагӣ барои таҷлили 75-умин солгарди Пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватаниро дар пойтахти Русия шаҳри Маскав ва дигар шаҳрҳо оғоз кунед», — гуфт ӯ зимни суҳбати видеоӣ бо вазири дифоъи кишвар.
Ӯ қайд кард, ки рӯзи 24 июн барои таҷлили ин иди бузург рӯзи мувофиқ аст, чун маҳз дар ин таърих нахустин бор соли 1945 гузашти низомии қаҳрамонон баргузор шуда буд.
Дар баробари ин президент ба вазири дифоъ Сергей Шойгу фармуд, то замони таҷлили ид амнияти шаҳрвандон қатъиян таъмин шавад ва хатари сироятёбӣ ба коронавирус дар он рӯз кам карда шавад.
Раҳбари кишвар ҳамчунин қайд кард, ки «Ҳанги ҷовидон» низ баргузор мешавад.
«Пешниҳод дорам, ки «Ҳанги ҷовидон» моҳе баъд 24 июл баргузор шавад. Ин Рӯзи қувваҳои обӣ мебошад». 
Вале, агар дар моҳҳои наздик хатари сироятшавӣ аз коронавирус чун имрӯз боқӣ монад, эҳтимол рӯзи баргузории «Ҳанги ҷовидон» ба таъхир меафтад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ