Барои воридоти семент аз кишварҳои хориҷӣ иҷозат дода шуд

Барои воридоти семент аз кишварҳои хориҷӣ иҷозат дода шуд

Дар мамлакат бо гузашти се ҳафта боз барои воридоти семент аз хориҷи кишвар иҷоза дода шуд.
“Пешниҳоди Вазорати рушди иқтисод ва коҳиши камбизоатӣ, Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷӣ, Вазорати сохтмон ва Ассотсиатсияи “Узпромстройматериал” дар бораи аз 25 май барқарор кардани воридоти маҳсулоти сементӣ маъқул дониста шавад”, — гуфта мешавад дар қарори рӯзи 22-юми май қабулшудаи Девони вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон.
Манъи воридоти ин навъи масолеҳи сохтмон аз 1 май то 31 декабри соли 2020 бо қарори охири моҳи апрел қабулшудаи Девони Вазирон ҷорӣ гардида буд.
Дар ҳамин ҳол, дар ин санад зикр гардида буд, ки Вазорати рушди иқтисод ва коҳиши камбизоатӣ дар сурати зарурат бо назардошти вазъ дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ, инчунин ҷараёни паҳншавии коронавирус дар ҷумҳурӣ, метавонад пеш аз муҳлат қатъ шудани ин маҳдудиятро пешниҳод намояд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ