Корхонаҳои нақлиётии ватанӣ аз сабаби маҳдудиятҳои карантинӣ чӣ қадар зиён диданд?

Корхонаҳои нақлиётии ватанӣ аз сабаби маҳдудиятҳои карантинӣ чӣ қадар зиён диданд?

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 25 май оид ба масаълаҳои таъмин кардани фаъолияти устувор ва рушди муттасили соҳаи нақлиёт маҷлис баргузор намуд.
Бо сабаби пандемияи коронавирус  алоқаҳои нақлиётӣ дар тамоми ҷаҳон қариб қатъ ёфтанд. Ширкатҳои соҳа аз ин зарари ҷиддӣ мебинанд. Масалан, интизорӣ меравад, ки танҳо авиатсияи шаҳрвандӣ то охири соли равон 113 миллиард долларро аз даст медиҳад.
То имрӯз корхонаҳои нақлиётии ватанӣ аз сабаби маҳдудиятҳои карантинӣ 340 миллиард сӯм зиён дидаанд. Ва ин рақам барои то ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ дар оянда боз ҳам афзоиш хоҳад ёфт.
Вобаста ба ин, дар соҳа як қатор чораҳо оид ба коҳиш додани таъсири пандемия, дастгирии иқтисодии корхонаҳо андешида мешаванд. Масалан, ба ҷамъиятҳои саҳҳомии «Uzbekistan Airways» ва «Uzbekistan Airports», ки аз карантин аз ҳама бештар зарар дидаанд, ба миқдори 122 миллион доллар қарз ва 60 миллиард сӯм имтиёзҳои андоз  батаъхиргузорӣ дода шуданд. Аз Фонди зиддибӯҳронӣ ба миқдори 50 миллион доллари ИМА қарзҳои бефоиза  ҳамчун сармояи гардон ҷудо карда шуданд.
Дар ҷамъомад масъалаҳои таъмини фаъолияти мӯътадили соҳаи нақлиёт дар шароити нав баррасӣ шуданд.
Ба зиммаи Вазорати нақлиёт вазифа гузошта шуд, ки бинобар рафъи оқибатҳои пандемия барои ҶС ширкати «Uzbekistan Airways» ва «Uzbekistan Airports» бизнес-модел таҳия кунад.
Оид ба баромадан ба бозорҳои боркашонӣ бинобар масири Аврупо-Чин,  оптимизатсияи хароҷоти ҷорӣ ва сармоягузорӣ супоришот дода шуданд.
Масъалаҳои ҷалб намудани нақлкунандагони нави ҳавоӣ ба бозори авиатсияи шаҳрвандӣ бо мақсади баланд бардоштани рақобат, супурдани «Uzbekistan Airways» ба идоракунии ширкати бонуфузи хориҷӣ баррасӣ шуданд.
Дар бораи  эълон кардани тендер барои навсозии аэропортҳо, ба шакли шарикии давлатию хусусӣ гузарондани фаъолияти аэропортҳои байналмилалии Андиҷон, Бухоро, Урганҷ ва Қаршӣ нақшаҳо муайян шуданд.
Дар давраи пандемия талабот ба нақлиёти роҳи оҳан якбора боло рафт. Аз ҷумла, саҳми роҳи оҳан дар ҳамлу нақли байналмилалии бор аз 75 то 87 фоиз афзоиш ёфт. Ин имконияти хубест барои афзоиш додани мизоҷон аз ҳисоби беҳтар гардондани сифати хидматҳо ва коҳиш додани хароҷот.
Аммо фарсуда шудани воситаҳои асосӣ дар низоми ҶС «Ӯзбекистон темир йӯллари», фаровонии активҳои ғайрисоҳавӣ дар сохтори ҷамъият рушди фаъолияти асосиро мушкил мегардонад.
Ба ин муносибат оид ба оптимизатсияи корхонаҳои ғайрисоҳавии таркиби «Ӯзбекистон темир йӯллари», такмил додани механизмҳои муқаррар кардани тарифҳо, навсозии саройҳои вагонҳо ва локомотивҳо супоришот дода шуданд.
Дар ҷамъомад ба дастгирии корхонаҳое, ки бо ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ машғуланд, таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд.
Дар натиҷаи ислоҳот се соли охир дар мамлакатамон шумораи нақлиёти дар ҳамлу нақли байналхалқӣ истифодашаванда се баробар, ҳиссаи корхонаҳои ватанӣ дар савдои хориҷӣ — аз 37 то 48 фоиз зиёд гардид.
Оид ба  минбаъд зиёд кардани шумораи боркашонҳои ватанӣ ва то 60 фоиз баланд бардоштани ҳиссаи онҳо дар савдои хориҷӣ чораҳо муайян шуданд. Қайд гардид, ки як нақлиёти боркаш метавонад то панҷ нафарро бо кор таъмин намояд, ки имкони дар соҳа созмон додани 30 ҳазор ҷойҳои нави кориро фароҳам меорад.
Оид ба навсозии автобусҳое, ки ба хатсайрҳои дохилӣ дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилоятҳо хизмат мерасонанд ва бо захираҳои молиявӣ мунтазам таъмин намудани чунин корхонаҳо дастурҳо дода шуданд.
Роҳбари давлат ба масъалаи роҳҳои дохилӣ дахл карда, ҳолати бад ва норозигии мардумро аз сифати онҳо таъкид намуд. Зарурияти азнавсозии 80 ҳазор километр роҳҳои дохилӣ, ҷорӣ кардани тамоюли  «истифодабаранда  мепардозад», ки дар тамоми ҷаҳон васеъ истифода мешавад, таъкид гардид.
Муайян карда шуд, ки барои лоиҳаи роҳи пулакии нақлиёти автомобилии Тошканд – Андиҷон, ки сохтмони нақби муқобилро дар ағбаи Қамчиқ дар бар мегирад, тендер эълон карда мешавад.
Шахсони масъул оид ба лоиҳаҳое, ки дар соҳаи нақлиёт татбиқ мешаванд, ҳисобот доданд.

ӮзА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ