МАРКАЗИ ТИББИИ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ ЯГОНА

МАРКАЗИ ТИББИИ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ ЯГОНА

Дар пойтахт маҷмӯаи нодири smart – Маркази миллии тиббиёти бачагон бунёд гардид. Дар асл ин баҳо аҳамияти маҷмӯаи замонавии мазкур, ташхиси дақиқ ва усулҳои инноватсионии табобатро инъикос менамояд. Чунин усули кор бештар аз ҳама дар ҷараёни ислоҳоти низоми тандурустӣ боаҳамият ба назар мерасад.
Дар ин муассисаи табобатии пешқадам орзуҳои зиёди қалбҳои хурд ҷомаи амал мепӯшанд. Барои ин дар марказ ҳама корҳо бинобар нигоҳ ва ҷаҳонбинии бачагон анҷом дода шудааст. Дар коргузории муассисаи замонавии тиббӣ усулҳое ба амал татбиқ мегарданд, ки дар асоси таҷрибаи хориҷӣ андӯхта шудааст.
Дар бораи аҳамияти муассисаи нави тиббӣ, имконот ва ташкили табобат дар он ба хабарнигори ӮзА директори маркази миллии тиббии бачагона Мурод ҶАЪФАРОВ нақл кард.
– Дар мамлакатамон муассисаи тиббии дар Осиёи Марказӣ ва мамлакатҳои ИДМ беназир – маркази миллии тиббии бачагона сохта шуд, ки ин дар соҳаи тиббиёт дастоварди бузург мебошад. Бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев сохтмони марказ 28 феврали соли 2018 оғоз ёфта буд. Арзиши лоиҳавии марказ беш аз 130 миллион доллар буда, бо дастгирии Ҷумҳурии Корея аз рӯи лоиҳаи корпоратсияи «Баум» бунёд гаштааст. Муассисаи табобатии чорошёна барои 280 ҷой муқаррар гардида, дар поликлиника имконият барои қабули ҳаррӯзаи 250 бемор фароҳам оварда шудааст. Дар марказ 38 палата, 20 китобхонаи маҳаллии электронӣ, 170 маҷлисгоҳи маҳаллӣ, 50 ошхонаи маҳаллӣ, маркази симулятсия вуҷуд доранд. Дар ин ҷо 830 мутахассис меҳнат хоҳад кард.
Саволе ба миён омаданаш мумкин аст, ки чаро марказ миллӣ номида мешавад? Дар бисёр мамлакатҳои хориҷӣ муассисаҳои тиббие вуҷуд доранд, ки National medical center номида мешаванд. Ин марказҳо аз рӯи мақом аз дигар муассисаҳои тиббӣ болотаранд. Барои он ки маркази мо низ муносиби арзиши воқеии миллӣ гардад, аз рӯи мақом нисбат ба муассисаҳои табобатии дигари бачагона боло бошад, Президент ба он мақоми маркази миллиро дод.
Бояд таъкид кард, ки барои марказ аз хориҷи кишвар дастгоҳҳои замонавии ташхисӣ, тиббӣ, таҷҳизоти технологӣ ба қимати 40 миллион доллар харид гаштааст. Технология асосан аз ИМА ва Ҷумҳурии Корея оварда шудааст. Ҳоли ҳозир дар Ҷумҳурии Корея тиббиёт хеле рушд намудааст, ки бинобар ин ба васеъ намудани робитаҳо бо ин мамлакат эътибори алоҳида дода мешавад.
Дар муассисаи нави тиббии бачагона дар асоси технологияи баланд хидмат расонда мешавад, барои соле ба амал овардани беш аз 1,5 ҳазор ҷарроҳии мураккаб шароит ба вуҷуд оварда шудааст. Муассиса ба 6 маркази начандон калони махсус тақсим гаштааст. Ғайр аз ин дар марказ бори аввал дар таърихи ҷумҳурӣ имконоти ташхисгузории фавқулодда дақиқ ва табобат ба вуҷуд оварда мешаванд.
Марказ бо томографияи оҳанрабову аксдиҳанда, томографияи компутерии мултиспирал, таҳлилгари ДНК ва технологияи замонавӣ муҷаҳҳаз мебошад, ки бемориҳои саратонро барвақт маълум намудан мумкин аст. Як мисол меорам: дастгоҳи ПЭТ-КТ (томографияи компутерии позитрону эмисионӣ) имконият медиҳад, ки бемориҳои саратон дар марҳалаи ибтидоӣ муайян карда шавад.
Дар клиникаи мо бори аввал дар Ӯзбекистон кор дар лабораторияи генетикӣ роҳандозӣ мегардад. Акнун имконият ба вуҷуд меояд, ки аз тариқи ДНК бемориҳои ирсӣ муайян карда шаванд. Дар марказ бачаҳо аз рӯзи аввали таваллуд то 18-сола табобат меёбанд. Дар марҳалаи аввал қабули бачаҳо аз Тошканд ва вилояти Тошканд ба вуқӯъ пайваста, минбаъд филиалҳои марказ дар ҳар як вилоят ба вуҷуд оварда мешавад.
Табобат дар марказ пулакӣ буда, табобати баъзе беморон аз рӯи ордер пешбинӣ мегардад. Дар ҳамоҳангӣ бо Вазорати молия дар асоси фармони Вазорати тандурустӣ низоми ордердиҳӣ татбиқ карда мешавад. Ин кор чӣ гуна ба амал оварда мешавад? Бемор ба марказ омада аз муоина мегузарад, дар ҳолати ногузирии табобат мо хулосаи онро маълум месозем. Бо ин хулоса бемор ба муассисаи дахлдори тандурустӣ муроҷиат менамояд ва соҳиби ордер мегардад. Бо ордер табобат дар марказ бепул анҷом дода мешавад.
Дар мамлакатамон эътибор ба татбиқи дастовардҳои охирини илмӣ ва инноватсионӣ дар тиббиёт пурзӯр мегардад. Ва дар ин низ саҳми мутахассисони баландмалака беҳад мебошад, ки ба тарбияи онҳо мо

эътибори зиёд медиҳем. Аз он ҷумла сад нафар мутахассисони марказ дар Донишгоҳи бонуфузи Пусани Ҷумҳурии Корея малакаи худро такмил доданд.
Дастгоҳи ҷарроҳӣ бо камераи махсус ҷиҳозонида шудааст, ки ба шарофати он дигар беморхонаҳо ва муассисаҳои таълимии олии тиббӣ дар низоми зинда соҳиби имконияти муоинаи ҷарроҳӣ мегарданд. Ба василаи технологияи замонавӣ муоинаҳои фосилавии тиббӣ, консилиум ташкил карда шуда, усулҳои мутаассири табобат муҳокима мегардад.
Зимни боздид аз марказ роҳбари давлат дар заминаи баргузор намудани тадқиқотҳои инноватсионӣ дар соҳаи педиатрия, ташкили ҷарроҳиҳои мураккаб ва муолиҷаҳои баландтехнологӣ бо ҷалб намудани мутахассисони хориҷӣ, дар бобати кадрҳои тиббӣ супоришҳо дод.
Дар мамлакат карантин идома дорад. Бинобар ин ба нақша гирифтаем, ки кори марказро моҳи августи соли ҷорӣ сар кунем.

Нурулло НАСРИЕВ,
хабарнигори ӮзА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ