Оинаи инъикосгари таърихи рӯзнома “30 сол дар тақвими сол начандон фурсати кӯтоҳ аст.

Оинаи инъикосгари таърихи рӯзнома “30 сол дар тақвими сол начандон фурсати кӯтоҳ аст.


Инак, чӣ сол нашрияи Шӯрои намояндагони халқ ва ҳокимияти вилояти Самарқанд – “Овози Самарқанд” чоп мешавад. Дар ин сӣ соли пур аз шебу фароз, шодию ғам, бурду бохтҳо, ҷамоаи рӯзнома пайваста мекӯшанд, то овозаи “Овози Самарқанд” дар саросари ҷумҳурӣ ва дар сатҳи ҷаҳон доман паҳн кунад. Ҳамқадаму ҳамнафаси замон бошад. Дар майдони матбуот дар радифи нашрияҳои пешқадами кишвар ҷавлон бизанад. Соҳиби муштариён ва ихлосмандони бештар гардид.
Бо чунин суханҳо сар мешавад китоби тозанашри таҳририяти рӯзнома — «Овози Самарқанд: дирӯз ва имрӯз». Бояд гуфт, ки китоб таҳти рукни «Аз китобхонаи «Овози Самарқанд» ба муносибати 30-солагии таъсиси рӯзнома дар нашриёти давлатии «VNESHINVESTPROM»-и Тошканд бо теъдоди 500 адад нашр гардидааст. Он аз сарсухан ва се боб иборат аст.
Дар сарсухан оиди фаъолияти сисолаи рӯзнома, комёбӣ ва дастовардҳо, мушкилӣ ва заҳматҳои корбарӣ сухан рафта, зикр мегардад, ки «Сӣ сол аст, ки рӯзномаи «Овози Самарқанд» чун минбари дӯстии халқҳо ва нишонаи барҷастаи эътибор ба халқу миллатҳои дигар дар Ӯзбекистон, дар таҳкими робитаи халқҳо, тараннуми рафоқат ва пайвандҳои таърихӣ, посдошти арзишҳои миллӣ, ривоҷи фарҳанг ва дар ин зами на фароҳам овардани шароити мусоид ба мардуми тоҷикзабони Самарқанд ва воқиф кардани онҳо аз тағйироту дигаргуниҳои сиёсии мамлакат, дастовардҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва мадании вилоят камарбаста аст».
Дар ҳақиқат, имрӯз рӯзномаи вилоятии “Овози Самарқанд” аз эътибору ғамхории ҳукумат, бахусус, муассиси рӯзнома – ҳокимияти вилоят бархурдор аст ва чопи китоби тозанашр низ бо дастгирии онҳо сурат гирифт.
Дар боби аввали китоб, ки «Аз дафтари хотироти кормандон» унвон дорад, мақолаҳои аҳли қалам ва рӯзноманигорон, аз ҷумла Аслиддин Қамарзода, Ғафурҷон Маҳмудов, Тошқул Азимзода, Ҳазрат Сабоҳӣ, Адҳам Ҳайитов, Зоҳир Ҳасанзода, ва дигарон дар бораи таърихи таъсиси рӯзнома, талошҳо барои чопи рӯзнома, муваффақиятҳои беназир, меҳнати сидқидилонаи кормандон бобати рангорангу ҷолиб, пурмазмуну хонданӣ кардани саҳифаҳои рӯзнома, мушкилоти раванди кор ва монанди ин ҷамъоварӣ шудааст.
Боби дуввуми китоб «Гуфторҳо дар ҳошияи «Овози Самарқанд» унвон дорад. Дар ин боб фикр, табрик, эътироф, муносибат, таклиф ва тавсияҳои намояндагони пешқадами ҷомеа, олиму донишмандон, шоиру нависандагон, рӯзноманигорон ва дӯстдорони рӯзнома, инчунин, шеърҳои шоирон дар васфи «Овози Самарқанд», ки дар давоми 30 сол ба суроғаи рӯзнома омадааст, интишор гардидааст.
Вақте ки ин боби китобро мехонед, бори дигар ба дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек боварӣ пурзӯртар мегардад. Дар ин боб, баробари фикр, дархост ва эътирофи аҳли қалам ва намояндагони ҷамоатии Ӯзбекистон, табрик, тавсиф, таклиф ва муносибати шоиру нависандагон, рӯзноманигору вакилони пешқадами ҷомеаи Ҷумҳурияти Тоҷикистонро низ мутолиа намудан мумкин аст.
Дар боби дуввум баробари фикру мулоҳизаҳои шоиру нависандагон, ҳунарпешагон, аз ҷумлаи Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Ботурхон Валихоҷаев, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор Сафиева, Ҷӯрабек Муродов, Фарзона, нияту табрикҳои эҷодкорони ҷавон чун Анзурат Маликзода, Бузургмеҳри Баҳодур, Одил Нозир, Шаҳбози Аброр, Иброҳими Дӯсталӣ ва дигаронро, инчунин, муносибат, таклиф ва тавсияҳои аҳли илму фарҳанг, ҳунарпешагон, кормандони соҳаҳои гуногуни Самарқанд ҷамъоварӣ шудааст.
Боби сеюми китоб – «Библиография» маълумотҳои мухтасари шарҳиҳолиро дар бораи эҷодкорон ва кормандоне, ки тӯли 30 сол дар пешбурди фаъолияти рӯзнома заҳмат кашидаанд, фаро мегирад. Дар ин боб, дар бораи сармуҳаррирон Нор Остонзода, Шавкат Баҳромов, Ғафурҷон Маҳмудов, Озодҷон Ҳамидзода, Бахтиёр Ҷумъаев ва Баҳодур Раҳмонов, ҷонишинҳои сармуҳаррир ва кормандони эҷодиву техникии рӯзнома ва ҷамоаи имрӯзаи таҳририят маълумот дода шудааст. Инчунин, меҳнати мухбирони ҷамоатӣ эътироф гардида, дар анҷом суратҳо аз лаҳзаҳои фаромӯшнопазири фаъолияти таҳририят ҷойгир карда шудааст. Ғайр аз ин, дар бораи таърихи фаъолияти рӯзнома бо забонҳои ӯзбекӣ ва русӣ маълумоти мухтасар чоп гардидааст.
Бояд гуфт, ки китоби тозанашри «Овози Самарқанд: дирӯз ва имрӯз» аз гузашта ва вазъи к

унунии рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» ҳикоя карда, оинаи рӯзнамои рӯзнома аст, ки дар худ фаъолияти сисолаи таҳририятро инъикос намудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ