Ба хатмкунандагони мактабҳо шаҳодатнома чӣ хел супурда мешавад?

Ба хатмкунандагони мактабҳо шаҳодатнома чӣ хел супурда мешавад?
  • Post category:Фарҳанг

Бо тақозои шароит дар даври чоряки чоруми соли хониши 2019-2020 раванди таълим муваққатан боздошта шуд ва хонандагони мактабҳои таълими умумии кишвар ба таътил баромаданд. Бо вуҷуди ин, ҷараёни дарсҳо ба таври масофавӣ давом ёфт ва дар шабакаҳои телевизион мунтазам дар шакли «онлайн» гузаронида шуданд. Инчунин, азхудкунии хонандагон аз тарафи омӯзгорони фаннӣ назорат карда шуд. Инак, 25-уми май дар мактабҳои таълими умумӣ занги охир низ ба таври онлайн садо дод.
Бояд гуфт, ки имрӯзҳо волидони хатмкунандагон бо як қатор саволҳо чун тартиби гирифтани шаҳодатнома, супоридани ҳуҷҷат ба муассисаҳои таълими олӣ ва монанди ин ба мо муроҷиат мекунанд. Мо аз рӯйи саволҳо бо сарвари шӯъбаи мувофиқгардонии фаъолияти муассисаҳои таълими умумии Садорати таълими халқи вилоят Қӯлдош САИДОВ сӯҳбат карда, ба онҳо ҷавоб пайдо кардем.

Дар мактабҳои таълими умумӣ соли хониш анҷом ёфт. Акнун хонандагон имтиҳонҳои назоратиро чӣ хел месупоранд?

– Дар асоси фармойиши Вазорати таълими халқии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 20-уми майи соли ҷорӣ «Дар бораи анҷом додани соли хониши 2019-2020 дар мактабҳои таълими умумӣ ва таъмини хонандагон бо шаҳодатнома (аттестат)», соли хониши 2019-2020 дар мактабҳои таълими умумӣ ба таври истисно зина ба зина, бе имтиҳоноти назоратии ниҳоӣ анҷом меёбад.
Баҳои солонаи хонандагон чӣ хел гузошта мешавад?
– Баҳои чоряки чорум ва солона аз рӯйи натиҷаҳои се чоряки аввали соли хонишӣ гузошта мешавад. Дар ҳудудҳое, ки барномаи электронии «Kundalik.com» татбиқ гардидааст, ҳангоми гузоштани баҳои солона иштироки фаъоли хонандагон дар дарсҳои масофавии телевизионии «онлайн-­мактаб» ба инобат гирифта мешавад.
Дар соли хонишии ҷорӣ ба хатмкунандагони мактабҳои таълими умумӣ шаҳодатномаҳо чӣ хел супорида мешаванд?
– То санаи 15-уми июни соли ҷорӣ ба хатмкунандагон шакли электронии шаҳодатномаҳо расонида мешавад. Нусхаи ҳақиқӣ пас аз анҷоми даври карантин, дар асоси риояи қатъӣ ба қоидаҳои гигиенӣ-­санитарӣ тақдим мегардад.
Оё имсол ҳам ба хонандагон медалҳои тилло ва нуқра супорида мешавад?
– Албатта. Дар асоси Низом «Дар бораи тартиби бо медалҳои тилло ва нуқра сарфароз гардондани донишомӯзони боиқтидори мактабҳои таълими умумӣ ва литсейҳои академӣ», ки дар асоси қарори Девони Вазирон аз 22-юми феврали соли 2019 тасдиқ гардидааст, ба хонандагон медалҳои тилло ва нуқра супорида мешавад. Медалҳо танҳо пас аз беҳтар гардидани вазъияти эпидемиологии кишвар пешкаш карда мешаванд. Бояд гуфт, ки дар соли таҳсили 2019 – 2020 55864 нафар хонанда синфи нӯҳ ва 53589 нафар синфи ёздаҳӯмро хатм мекунанд.Дар охири соли таҳсили имсола 339 нафар хатмкунандаи синфи ёздаҳӯм бо медали тилло, 75 нафар бо медали нуқра ва 1533 нафар хонандаи синфи нӯҳӯм бо сертификатҳои аъло мукофотонида мешаванд.
Хатмкунандагони синфҳои ёздаҳум ба муассисаҳои таълими олӣ чӣ хел ҳуҷҷат месупоранд?
– Бо мақсади фароҳам овардани шароитҳои мусоид ба хатмкунандагон ва ҳамаи довталабон ҳангоми ҳуҷҷат супурдан ба зинаи бакалаври муассисаҳои таълими олӣ аз тарафи Маркази давлатии тест барои тавассути сайти abitur.dtm.uz аз рӯйхат гузаштан роҳнамоҳои зарурӣ тавсия карда мешавад. Хатмкунандагон тавассути онҳо бо тартиби корбарии сайт шинос гардида, дуруст ва бехато пур кардани онро меомӯзанд. Ғайр аз ин, бо мақсади таъмини ошкорогии супоришҳои тестии марказ сохтори махсуси e-­Sinov созмон дода шудааст. Довталабон метавонанд дар он тестҳои санҷиширо, ки дар асоси дастурҳои амалии «Маҷмӯаи супоришҳои тестӣ‑2019» тартиб дода шудаанд, ҳал кунанд ва дониши худро санҷанд.
Падару модарони азиз, хоҳиш менамоем, ки ҷиҳати самаранок гузаронидани таътили тобистонаи фарзандон, ҳифзи саломатии онҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда, рафтору одат ва фаъолияти ҳамарӯзаи онҳоро дар ин рӯзҳои ниҳоят душвори паҳншавии бемории коронавирус зери назорати ҷиддӣ қарор диҳед.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ