Ассотсиатсияҳои ҳудудии футбол ташкил мегарданд

Ассотсиатсияҳои ҳудудии футбол ташкил мегарданд
  • Post category:Варзиш

Қарори Девони Вазирон «Дар бораи чораву тадбирҳои боз ҳам дастгирии фаъолиятҳои ассотсиатсияҳои ҳудудии футбол» қабул гардид. Дар ин бора «Norma» хабар дод. Назди ассотсиатсияҳои ҳудудии футболи Ҷумҳурияти Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд чунин вазифаҳои асосӣ гузошта шуд: * такмили сохтори интихоб ва саракунии футболбозони ҷавони соҳиби қобилияти баланд; * ба соҳаи мазкур ҷалбсозии инвеститсияҳои хусусӣ; * дар асоси механизмҳои бозор таъмин намудани идораи соҳаи футбол; * ташкили ба сектори хусусӣ гузаронидани клубҳои футбол ва дар байни онҳо бунёд кардани муҳити рақобати солими варзишӣ; * афзудани тамошобобии мусобиқаи футбол бо воситаи ба роҳ мондани сохтори нави ривоҷдиҳии футбол, бунёд кардани бренди футбол. Ба Шӯрои Вазирони Ҷумҳурияти Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд супурда шуд: * тақдим намудани бино ва иншоот барои ассотсиатсияҳои ҳудудии футбол ва ҷалб кардани ҳомиҳо; * кӯмак ба мустаҳкамкунии базаи моддию техникӣ ва назорати доимии мактабҳои маҳорати футбол, инчунин, ривоҷдиҳии мактабҳои варзишии ба футбол ихтисосонидашуда; * молиякунонии мусобиқаҳои «Лигаи футболи мактабҳои варзишӣ» ва «Лигаи мактабҳои футболи касбӣ». Хароҷотҳои ривоҷдиҳии футбол аз ҳисоби даромадҳои иловагии буҷаи маҳаллӣ молия кунонда мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ