Қосим Жомарт Тоқаев: Қазоқистон баландтарин авҷи бемории сироятии коронавирусро паси кард

Қосим Жомарт Тоқаев: Қазоқистон баландтарин авҷи бемории сироятии коронавирусро паси кард

  • Post category:Саломатӣ

Қазоқистон баландтарин авҷи маризии сироятии коронавирусро паси кард, изҳор дошт раисҷумҳури ин кишвар дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои миллии эътимоди мардум.
«Кишвари мо аз авҷи паҳншавии пандемия гузашт. Аммо мубориза бо эпидемия ҳанӯз ба анҷом нарасидааст. Эпидемия хатарнок аст. Коронавирус арзишҳои ҷаҳони муосирро ба таври назаррас тағйир додааст», — афзудааст Тоқаев.
Зимнан, раисҷумҳури Қазоқистон ёдовар шуд, ки қаблан ҳам аз бурузи мавҷи дуюми маризии сироятии коронавирус ҳушдор дода буд.
Ӯ дигарбора аз тамоми шаҳрвандони кишвараш даъват ба амал овард, то ба эҳтимоли авҷ гирифтани мавҷи дуюм дар Қазоқистон, ҳамаҷониба омода бошанд.

То санаи 27 май танҳо дар Қазоқистон 9 304 ҳолати сирояти коронавирус ошкор карда шуд, ки аз он 4669 нафар шифо ёфта, 37 нафар ҷон доданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ