Рӯзноманигори ботаҷриба, адиби варзида, ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи»Овози Самарқанд» Тошқул Азимзода 70 сола шуд

Рӯзноманигори ботаҷриба, адиби варзида, ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи»Овози Самарқанд» Тошқул Азимзода 70 сола шуд

Ҳар як инсон дар зиндагӣ машғулияте дорад, яке заминро ҳамвор карда, донаи умед мекорад, дигаре кордону соҳибкор буда, ба тиҷорат ё шуғли дигар машғул аст, сеюми насли наврасро таълим медиҳад. Нафарони дигар муҳандис, усто, ронанда, ҳунарманд, дӯзанда, пазанда… Ҳар якеро баҳри коре сохтанд. Яке аз чунин инсонҳое, ки касби худро аз ҷон дӯст медорад ва аллакай дар соҳаи хеш ба комёбиҳои зиёд ноил гардидааст, рӯзноманигори ботаҷриба, нависандаи соҳибравия Тошқул Азимзода мебошад.
Тошқул АЗИМОВ (Азимзода) 28-уми майи соли 1950 дар маҳаллаи Чилсутуни деҳаи Боғимайдони ноҳияи Самарқанд ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёнаи рақами 25-и ба номи Абдусалом Деҳотӣ ба факултети механика- математикаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Алишер Навоӣ дохил шуд. Тошқул Азимзода пас аз адои хизмати ҷавонмардии ҳарбӣ солиёни дароз дар мактаби зодгоҳаш аз математика сабақ дод. Аз соли 1991 дар идораи рӯзномаи «Овози Самарқанд» дар вазифаҳои гуногун заҳмат кашид. Ҳоло низ вазифаи ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаро дар зимма дорад.
Мо, аҳли эҷоди рӯзномаи «Овози Самарқанд» ин марди ботамкину меҳнатдӯстро ба ифтихори солгарди умри муборак бо самимият ва эҳтироми хоса шодбош мегӯем ва қабл аз ҳама умри дарози бехазон ва хушбахтии ҷовидонаро таманно мекунем.
Бояд гуфт, ки Тошқул Азимзода чун рӯзноманигори ботаҷриба низ миёни кормандони матбуот соҳиби обрӯву эътибор ҳастанд. Инак, тӯли солҳост дар рӯзномаи “Овози Самарқанд” баҳри пуробурангӣ ва хонданиву шавқовар чоп гардидани ин рӯзнома саҳми шоиста мегузоранд.
Чун эҷодкори маҳбубу марғуби Самарқанд, нависандаи соҳибравия барои аҳли адаб асарҳои ҷолиб офарида, тӯли солҳои зиёд ба аҳли қалам чандин китобро тақдим намуданд, ки «Хатои нисбӣ», «Боғимайдон фахр дорад…»(омодаи чоп аст) аз ин ҷумлаанд.
Ғайр аз ин, дар чопи китобҳои «Саодати дӯстӣ», «Айнишиносӣ дар Самарқанд — Самарқандда Айнийшунослик», «30 гуфтор аз 30 тор», «30 номаи рӯзнома», «Овози Самарқанд: дирӯз ва имрӯз» саҳми арзанда ҳамроҳ кардаанд.
Бо ҳикояҳои воқеӣ, очеркҳои ҷолиб, ки барои аҳли илм, адабиётдӯстон ва фарҳангдӯстон эҷод намудаанд, аллакай дар байни мардуми мамлакат ва ҳатто дар кишварҳои ҳаммарз маъруфу машҳуру маҳбуб ҳастанд, ки ин боиси ифтихору сарбаландист ва барои ҳар як эҷодкор бахти бузург аст.
Ҷуръату ҷасорати баланд, кордонӣ ва дилёбӣ, самимият ва садоқат, хоксорӣ ва ботамкинӣ дар пайроҳаи эҷод, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва худшиносии Т.Азимзода илҳомбахши кору пайкори аҳли фарҳанг, бахусус, ҷавононе гаштааст, ки бевосита бо адабиёт кор мебаранд.
Имрӯз аҳли адаб ва фарҳанг дар баробари ифтихор, ба маслиҳату раҳнамоии Т.Азимзода барин нависандаҳои соҳибсалиқа, қавирафтору қавигуфтор, соҳибхираду ботаҷриба, рӯзноманигорони ҳақгӯю ҳақиқатҷӯй, адолатпарвари мардумписанд ниёз доранд.
Бори дигар устодро ба муносибати 70-солагӣ шодбош гуфта, барояшон сиҳатмандӣ, рӯзгори осуда, эҷоди комил ва иқболи боз ҳам баланд таманно мекунем. Дар анҷоми сухан ба ифодаи шоир мегӯем:
Эй баландахтар, Худоят умри ҷовидон диҳад,
Он чи пирӯзию беҳрӯзӣ дар он аст, он диҳад.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, мухбири рӯзномаи ҷумҳуриявии «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд,
Акбар МАҲМУДОВ, раиси Маркази миллию фарҳангии тоҷик ва тоҷикзабонони вилояти Самарқанд,
Баҳодур РАҲМОНОВ, сармуҳаррири рӯзнома, доктори фанҳои фалсафа

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ