Меҳмонхонаи » Ӯзбекистон»-и пойтахт фурӯхта шуд

Меҳмонхонаи » Ӯзбекистон»-и пойтахт фурӯхта шуд

Мувофиқи қарори Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 14-уми августи соли 2018 таҳти рақами 661 «Дар бораи чораву тадбирҳои ба соҳаи меҳмонхона ҷалб намудани инвеститсияҳои иловагӣ» хабар оиди дар савдоҳои оммавӣ фурӯхтани 80,1 фоизи ҳиссаи давлатии КМ ҶММ «Otel Uzbekistan» дода буда буд. Аз ҷониби Агентии давлатии идораи активҳо бо мақсади ҷалб намудани инвесторони босалоҳият бо ширкатҳои сайёҳии мамлакатҳои Британияи Кабир, Туркия, АМА ва Сингапур музокираҳо бурда шуд. Аз рӯйи ҷамъбасти музокираҳо таклифҳои 6 ширкат омӯхта шудааст. Дар натиҷа, таклифи ширкати сингапурии «Bashan investment group pte itd» қабул гардид. Дар байни агентии номбаршуда ва ширкати сингапурӣ аз рӯйи фурӯши ҳиссаи давлатии меҳмонхонаи «Ӯзбекистон» шартнома баста шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ