Дар Америкаи Лотинӣ вазъият вазнин аст

Дар Америкаи Лотинӣ вазъият вазнин аст
  • Post category:Ҷаҳон

Бино ба маълумоти Донишгоҳи Ҷонс Ҳобкинс дар дунё то ин вақт 5,7 миллион нафар ба инфексияи коронавирус мубтало гардиданд. Беш аз 354000 нафар бемор вафот карданд. Вазъият дар Америкаи Лотинӣ вазнин аст. Дар Бразилия қариб 400000 ҳолати зарарбинӣ аниқ гаштааст. Дар мамлакатҳои Мексика, Чилӣ ва Перу ҳам беморӣ босуръат паҳн шуда истодааст. Айни замон дар Америкаи Лотинӣ беш аз 750000 ҳолати зарарёбӣ муайян гардидааст. Зиёда аз 40000 нафар бемор вафот карданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ