Таъминоти хуби об боиси фаровонҳосилист

Таъминоти хуби об боиси фаровонҳосилист

Одамон ҳавлӣ харидани шаванд, аввал кӣ будани ҳамсояҳоро, барои деҳқонӣ замин гирифтани шаванд, масъалаи обашро мепурсанд. Дар кишту кори деҳқонӣ об роли муҳим мебозад ва тақдири ҳосил ба об вобаста аст.
Қисми асосӣ – 12 ҳазор гектар заминҳои кишти ноҳияи Самарқанд ба воситаи стансияҳои насосҳои обкашӣ (СНО) шодоб гардонида мешаванд. Ба таъминоти оби хоҷагиҳои деҳқониву фермерӣ шӯъбаи ноҳиявии Садорати энергетика ва стансияҳои насосӣ машғул аст. Кормандони он ба мавсими имсола тайёрии хуб дида, тамоми насосҳои стансияҳоро аз таъмир бароварда, имрӯзҳо фаъолияти худро пеш мебаранд. Бо вуҷуди он, ки фасли баҳор сербориш аст, онҳо барои обёрии заминҳои ғалла, картошка, пиёз ва боғҳои хоҷагиҳои фермерӣ об мебароранд. Ҳоло диққати асосӣ ба нигоҳубину парвариши ғаллазор равона карда шудааст. Масалан, дар ҳудуди Саройҳои мошину трактории (СМТ)-и «Гулистон» 300 гектар, «Чордара» 280 гектар, «Оҳалик» 250 гектар, «Мароқанд» 100 гектар ва ғайра ғаллазор мавҷуданд. Ба туфайли заҳмату ғайрати деҳқонон ҳоло қади ниҳолҳои гандум аз як метр зиёд шудааст.
– Ҳоло дар ноҳияи мо ҳафт стансияҳои насосӣ кор мекунанд, – мегӯяд сардори шӯъбаи ноҳиявии энергетика ва стансияҳои насосии ноҳияи Самарқанд Бозор Мавлонов. – Таъминоти об панҷ Саройи мошину тракторӣ, ки дар таркиби ҳар яки онҳо аз 60-то 100 хоҷагии фермерӣ дорад, бар зиммаи мост. Кормандони мо масъулияти худро нағз медонанд ва аз таҳти дил меҳнат мекунанд. Масалан, дар стансияҳои насосҳои обкашии «Гулистон» бо роҳбарии муҳандисаш Содиқ Исматов насосчиҳо Ашраф Самадов, Ҳусен Тоҳиров, дар «Дӯстлик» бо сарвари муҳандис Муҳиддин Қурбонов ходимон Юсуф Саидов, Шӯҳрат Шоимов, «Мароқанд» муҳандисаш, ки Далер Мавлонов аст, коргарон Сӯҳроб Самадов, Фурқат Назаров, дар «Оҳалик» зери роҳбарии муҳандис Хуршед Тоҳиров коргарон Ёдгор Изатуллоев, Ёдгор Воҳидов ва дигарон хуб кор мекунанд. Стансияи насосҳои обкашии «Наврӯз» бар замми 6000 гектар заминҳои хоҷагиҳои фермерии тобеи худ боз 300-400 гектар заминҳои ноҳияи Тайлоқро шодоб сохта, дар ҳар сония ба канали Янги ариқ чоркубӣ об мепартояд.

Б.ҶУМЪАЕВ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ