Консепсияи рушди истеҳсоли маҳсулоти органикии кишоварзӣ ва органикии хӯрокворӣ тасдиқ гардид

Консепсияи рушди истеҳсоли маҳсулоти органикии кишоварзӣ ва органикии хӯрокворӣ тасдиқ гардид

Бо мақсади рушди истеҳсоли маҳсулот дар ҷумҳурӣ, системаи танзим ва мувофиқат дар асоси талаботҳои байналмилалии Organic ва Global G.A.P., беҳтар намудани нишондиҳандаҳои сифат ва бехатарӣ, гус­тариши ҷуғрофияи содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал, инчунин, зиёд кардани имконияти истифодаи пурраи потенсиали истеҳсоли маҳсулоти органикӣ дар кишвар Фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 18-уми майи соли ҷорӣ «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба таъмини мувофиқати нишондиҳандаҳои сифат ва бехатарии маҳсулоти кишоварзӣ ба андозаҳои байналмилалӣ» имзо гардид.
Мувофиқи фармон:

«Харитаи роҳ» оид ба татбиқи Консепсияи рушди истеҳсоли маҳсулоти органикии кишоварзӣ ва органикии хӯрокворӣ дар Ҷумҳурияти Ӯзбекистон тасдиқ гардид.

Дар Донишгоҳи аграрии Тошканд аз соли хониши 2021-2022 сар карда, аз рӯйи самти «Парвариш, нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзии органикӣ» донишҷӯён қабул карда мешаванд.

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурияти Ӯзбекис­тон мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва танзими фаъолияти тамоми ташкилотҳои манфиатдор дар доираи истеҳсолоти органикӣ ва таҷрибаи сазовори кишоварзӣ (Global G.A.P.) мебошад.

То 1-уми октябри соли 2020 бо мақсади ташкили хоҷагии кишоварзии органикӣ ва низоми истеҳсолӣ дар асоси стандартҳои байналмилалӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи парвариши маҳсулоти органикии кишоварзӣ» таҳия карда мешавад.

Дар асоси Фармон тартибе муқаррар карда шуд, ки мутобиқи он ҷойгиркунии зироатҳо дар қитъаҳои заминҳои барои кишоварзии органикӣ ҷудошуда тибқи схемаҳои аз ҷиҳати илмӣ асоснокшудаи киштгардон бо назардошти талаботи стандартҳои органикӣ амалӣ гардонда мешавад, дар ин ҳол ба дахолати давлатӣ дар ҷойгиркунии зироатҳо роҳ дода намешавад.

То 1-уми январи соли 2021 лабораторияҳои дар пажӯҳишгоҳҳои самти кишоварзӣ мавҷуда бо таҷҳизоти ҳозиразамони баландтехнологӣ таҷҳизонида шуда, фаъолияти хоҷагиҳои фермерӣ, ки тухмиҳои аввалияи органикӣ парвариш менамоянд, ташкил карда мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ