Гелосҳои Самарқанд дар бозорҳои ҷаҳонӣ

Гелосҳои Самарқанд дар бозорҳои ҷаҳонӣ

Бо фарорасии тобистон, навъҳои гуногуни меваҳои тару тозаи мо зебои дастархон ва пештоқи растаҳои бозорро оро медиҳанд.
Ин меваҳое, ки деҳқонони меҳнатқарини мо парвариш мекунанд, натанҳо дар бозорҳои дохилии мо, балки дар бозорҳои хориҷӣ низ харидоргиранд.
Мавсими содиротии мева ва сабзавоти тару тоза, ки дар кишвари офтобии мо парвариш карда шудаанд, аллакай оғоз ёфтааст. Як маҳсулот паси дигаре пухта расида, аз бозорҳои ҷаҳонӣ ҷой мегирад.
Ҳоло, гелос дар қуллаи баланди содирот қарор дорад. То 27-уми май дар вилояти Самарқанд ба миқдори 102 тонна гелос ба маблағи 195 ҳазор доллари ИМА содирот карда шудааст.
Бояд гуфт, ки дар ин мавсим Федератсияи Россия ва Қазоқистони ҳамсоя харидорони асосии гелосҳои Ӯзбекистон мебошанд.
Рақамҳо нишон медиҳанд, ки ҳиссаи зиёди содироти гелосҳои Ӯзбекистон ба ин ду кишвар рост меояд.
Ғайр аз ин, аз ҷониби содироткунандагони ҷумҳурият ба Беларусия, Полша, Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Туркманистон ва Таиланд низ қариб 200 тонна экспорт карда шудааст.
Дар айни замон амалиёти содироти гелос аз ҷониби содироткунандагони ба қайд гирифташуда дар вилояти Самарқанд дар авҷ аст. Ҳамзамон, кормандони хизмати вилоятии боҷхона раванди бақайдгирии молро барои содирот бо тартиби содда ва саривақт бо риояи шартҳои мавҷудаи карантин амалӣ месозанд.
Хизмати матбуоти Садорати боҷхонаи вилояти Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ