Дар Тоҷикистон шумораи гирифторони коронавирус аз 3,5 ҳазор зиёд гардид

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 3563 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1674 нафар шифо ёфтаанд. То санаи зикргардида дар ин мамлакат аз беморӣ 47 нафар фавтидаанд. Шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати фавт аз ин беморӣ ба қайд гирифта нашуд, хабар медиҳад маркази матбуоти Вазорати тандурурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бино ба иттилои манбаъ, то 28 май дар ин мамлакат 2322 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 423 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ