Табассум ДӮСТИ БЕАДОЛАТ


Боре Мулло Насриддин хонадор шуд. Вай як занаки ланг, якчашма, бедандон тоссар ва букриро ба занӣ гирифт.
Яке аз дӯстонаш, ки ин занакро нағз мешинохт, пурсид:
-Мулло, чаро ту ин гуна як зани бадбашараро ба занӣ гирифтӣ?
-Ҳамин хелаш нағзтар аст, — ҷавоб дод Мулло. – Камтар кӯчагардӣ карда, бештар дар хона мешинад.
-Охир вай базӯр бо як чашмаш мебинад.
-Инаш ҳам нағз, — ҷавоб дод Мулло, — ман чӣ коре накунам, вай нисфи онро мебианд.
-Вай дандон ҳам надорад!
-Эҳ, бе он ҳам, дар хона ягон чизи хӯрданӣ наст.
-Хайр, ба калиаш чӣ мегӯйӣ?
-Э мон-е, ҳар ҳафта барои мӯйи вай пули ҳиноро ман аз куҷо меёбам?
-О Мулло, вай букрӣ аст?
-Ту ҳам беинсофӣ-дия, мехоҳӣ, ки вай ягон айбе надошта бошад?!
Таҳияи Бахтиёри ҶУМЪА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ