Ҳаракати нодурусти ҷавони 18-сола боиси ҳалокати як шаҳрванд гардид


Санаи 24-уми майи соли 2020 тақрибан соати 17:30 дақиқа ронандаи 18 сола Б.С. бе ҳуҷҷатҳои иҷозаи ронандагӣ автомашинаи тамғаи «Ласеттӣ»-и падараш О.Х.-ро ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётии 4Р-157А, ки аз маҳаллаи оқ кӯли ноҳияи Хива мегузарад, ба самти муқобили ҳаракат баромада, бо автомашинаи тамғаи «Дамас», ки шаҳрванд Б.В.-и 35 сола идора мекард, бархӯрдааст.
Дар натиҷаи ин садамаи нақлиётӣ 2-нафар мусофирони дохили автомашинаи тамғаи «Дамас», О.Ҷ.-и 19 сола, И.Х.-и 32-сола ва ронандаи мошин Б.В. ҷароҳат гирифта, дар иттиҳодияи тиббии ноҳия бистарӣ карда шудаанд. Новобаста аз ёрӣ ва муолиҷаҳои тиббӣ О. Ҷ. дар шифохона вафот кард.
Оид ба ҳолати мазкур аз тарафи гурӯҳи тафтишотии шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия таҳқиқ ҷараён дорад.
Дар ин бора Департаменти тафтишотии назди Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ