Санъати кино ва театр ба талафоти вазнин дучор шуд

Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Ӯзбекистон Ҳошим Арслонов имрӯз, 29-уми май, дар синни 64-солагӣ вафот кард.

Ҳошим Арслонов соли 1956 ба дунё омадааст. Соли 1977 Донишкадаи театри Тошкандро хатм намуда, то ба имрӯз дар театри драмавии Аброр Ҳидоятов фаъолият нишон дод.

Аз номи ҳайъати таҳририят ба аъзоёни оила ва наздикони марҳум ҳамдардии самимии худро изҳор менамоем.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ