Як умр, эй кош, дарҳоро напӯшанд!

Як умр, эй кош, дарҳоро напӯшанд!

  • Post category:Фарҳанг

Ба ҳам нозанд гӯё ҳамназарҳо,
Ба ҳам хонанд аз «ширу шакар»-ҳо.
Гумоне, боз Ҷомию Навоӣ,
Ба ҳам оянд, бикшоянд барҳо.
        * Ду халқ, аммо як авлоди кабирем, Ба ҳам бошем, зӯру муқтадирем. Чу бобоянд Ҷомию Навоӣ, Наберему аберему чаберем.         *
Паём аз ид доданд, ид омад,
Дари шодӣ кушоданд, ид омад.
Ба сӯи якдигар дар марзгаҳҳо
Ба шодӣ по ниҳоданд, ид омад.
        * Чу сарҳад боз, ёрон, хуш даме шуд – Равон аз чашм ашки хуррамӣ шуд. Ду сӯ лабрез буд аз ташнадилҳо, Равон ду самт рӯди одамӣ шуд.         *
Равуоҳост, асное, ки роҳ аст,
Ба дил, бар дида раҳҷӯ некхоҳ аст.
Ҳамегӯянд, бинмо раҳкушоӣ,
На раҳбандӣ, ки роҳ он бар гуноҳ аст.
        * Миёни мо, бародар, буд девор, Зи дурӣ ин дилу ҷон ёфт озор. Пас аз талхию  шӯрии ҷудоӣ, Бародарҷон, чӣ ширин аст дидор!         *
Чӣ ғам, эй ёр, агар ғамхор бошад,
Бародар бо бародар ёр бошад.
Чӣ ғам, ҳарчанд дар ду давлат астем,
Чу моро давлати дидор бошад.
        * Чӣ хуш, боз аст сарҳадҳои ду дил, Сарафрозист дар ҳадҳои ду дил. Раҳи испед бар ту, эй сиёсат – Ба ҳам созанд давлатҳои ду дил.         *
Як инсонем ду халқи бародар,
Дилу ҷонем ду халқи бародар.
Забони ҳамдилӣ то ҳаст бурро,
Суханронем ду халқи бародар!
        * Ба ҳам пирони хуштадбир ду халқ, Ҷавонии ҷаҳони пир ду халқ. Натанҳо ин ду устод асту шогирд, Ба ҳам пиру мурид аз дер ду халқ.         *
Накӯҳамсоя чун ғамхор бошад,
Диҳад кор ӯ – туро даркор бошад.
Диҳад аз ғайб як ҳамсояи нек
Худои меҳрубон чун ёр бошад.
        * Ману ту аз азал наздик, эй дӯст, Ниятҳои дили мо нек, эй дӯст. На ду, гӯё, ки як халқем, танҳо Туӣ ӯзбек, ман тоҷик, эй дӯст.         *
Гузориданд бар раҳҳои мо садд,
Туро аз ман ҷудо бинмуд сарҳад.
Агар ҳадду каноре баҳрҳорост,
Ҷудоафтодаро ғам буд беҳад.
        * Ҷудоӣ он даме, ки зад шабехун, Дарун ин монду он гардид берун. Ба дард омад дилу хун шуд ҷигарҳо, Ҷудо гардид вақте гӯшту нохун.         *
Ҳамонҳое бародархонда буданд,
Парешу оҷизу вомонда буданд.
Бародарҳои ҷон аз ноилоҷӣ
Бародар аз дари худ ронда буданд…
        * Ду сӯ духтар-падарҳо монда буданд, Ду сӯ модар-писарҳо монда буданд. Ҷигарҳоро ҷудо девор месохт – Ду сӯ хунинҷигарҳо монда буданд.         *
Ба дил хори ҷудоӣ нешҳо зад,
Ҷудоӣ неш бар дилрешҳо зад.
Балое буд ҳаҷру мушти худро, 
На бар бегонаҳо, бар хешҳо зад!
        * Ту ин ҷо, ёр дар он сӯи сарҳад – Ду чашми чор дар он сӯи сарҳад. Тани пурдард ин ҷо дар шиканҷаст,  Дили бемор дар он сӯи сарҳад.         *
Бимонад доимо дилбаста ду халқ,
Намояд ёди ҳам пайваста ду халқ.
Гузаргоҳи дилу ҷон бод сарҳад,
Набошад ҳеҷ гаҳ дарбаста ду халқ!
        * Ба рӯи дӯст чун дарҳо кушода, Ҷаҳон обод, давлатҳо зиёда. Бапо созанд иморатҳои фардо Зи ҳоло ду бародар даст дода.         *
Зи шерони дилогаҳ бурд имрӯз,
Ҷудоандози мо пажмурд имрӯз.
Зи Рустамҳост* пирӯзию майдон
Зи Рустамзодаҳои гурд имрӯз.
        * Сироҷиддин зи Ҷомӣ хонд ашъор, Низомиддин Навоӣ кард такрор.
Зи ташрифи Навоӣ шод Ҷомӣ –
Навопардоз ҳарду дар суханзор!
        ***
Зи як сарчашма ёрон об нӯшанд,
Зи ҷӯши меҳр чун дарё хурӯшанд.
Ба рӯи ҳамдигар ду хонаобод,
Як умр, эй кош, дарҳоро напӯшанд!

Муҳаммад ШОДӢ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ