Ӯзбекистон ба Тоҷикистон маҳсулоти ғизоӣ, лавозимоти тиббӣ ва 1000 тонна орд фиристод


Кумаки навбатии башардӯстонаи Ӯзбекистон иборат аз орд ва доруворӣ дирӯз ба Тоҷикистон фиристода шуд.
Бино ба иттилои сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон, кумакҳои башардӯстона бо дастури Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ирсол гаштааст.
Гуфта мешавад, ёрии башардӯстона аз маҳсулоти ғизоӣ, лавозимоти тиббӣ ва ҳамчунин 1000 тонна орд иборат аст.
Ёрии башардӯстона тавассути роҳи оҳан аз вилояти Сурхондарё ба шаҳри Душанбе ворид шудааст.
Ба иттилои манбаъ, кумакҳо баҳри пешгирӣ ва мубориза ба коронавирус дар кишвари ҳамсоя ирсол гаштааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ