Пешниҳоди»Незыгарь»: Ҳабиб Нурмагомедов номзади мувофиқ ба мансаби роҳбари Доғистон аст

Пешниҳоди»Незыгарь»: Ҳабиб Нурмагомедов номзади мувофиқ ба мансаби роҳбари Доғистон аст
  • Post category:Варзиш

Қаҳрамони кунунии UFC Ҳабиб Нурмагомедов номзади мувофиқ ба мансаби роҳбари Доғистон унвон шудааст. Дар ин бора дар саҳифаи Телеграммаи «Незыгарь» гуфта мешавад.
«Хусусиятҳои калидии роҳбари Доғистон дар марҳилаи кунунӣ риояи қарордодҳои ҷамъиятӣ ва қобилияти ҳокимияти шахсӣ барои таъмини риояи қоидаҳои ҷамъиятӣ, эҷоди субот дар минтақа дар ҳама соҳаҳо, муҳимтаринашон бо ҷавонон кор кардан аст. Аз ин нуқтаи назар ҷолиб мебуд,  ба номзадии Ҳабиб Нурмуҳаммадов диққат дод”, гуфта мешавад дар саҳифаи Telegram.
Гуфта мешавад, ӯ дар баробари Қаҳрамони UFC будан, мавқеи возеҳ, нуфузи эътирофшудаи минтақа ва берун аз он, сифатҳои роҳбарб, поквиҷдонӣ дар риояи қоидаҳо ва созишномаҳоро дорад.
Ҳамчунин гуфта мешавад, бо дарназардошти сатҳи шинохти Нурмуҳаммадов дар ҷаҳон, миқёси шунавандагонаш, сатҳи робитаҳо ва таҷриба дар муносибатҳо, мо ба хулоса омада метавонем, ки тарбияи чунин кадрҳои ҷавон дар системаи идоракунии давлатӣ дар оянда метавонад ба минтақа ва кишвар муфид бошад.
Ӯ яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Доғистон ба шумор рафта, вобаста ба масоили доғи рӯз фикрҳояшро баён мекунад. Аммо қаблан низ дар чандин суҳбатҳояш ишора карда буд, ки аз сиёсат дур аст.

Размикори доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов қаҳрамони феълии UFC  буда, дар рейтинги расмии UFC дар байни беҳтарин паҳлавонон, новобаста аз категорияи вазн, ҷои дуюмро мегирад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ