31-уми май — Рӯзи байналқалқии мубориза ба зидди тамокукашӣ

31-уми май — Рӯзи байналқалқии мубориза ба зидди тамокукашӣ


Мувофиқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, имрӯз дар сар то сари ҷаҳон зиёда аз 1,5 миллиард нафар сигор мекашанд. Сол аз сол зиёд шудани ин нишондод, боиси дар ҷаҳон ба миён омадани ташвишҳои зиёд гардидааст. Вазъият чунин аст, ки ҳисоб кардани оқибат ва зарари иқтисодиву маънавӣ, ки ба инсоният расонида мешавад, ғайриимкон аст.
Аз ин рӯ, таҳти роҳбарии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ва ташкилотҳои дигари байналхалқӣ бар зидди, тамокукашӣ мубориза бурда шавад, ҳам ин иллатро тамоман решакан кардан имконнопазир аст. Аз соли 1988 инҷониб, ҳар сол 31-уми май ҳамчун Рӯзи байналқалқии мубориза ба зидди тамокукашӣ васеъ қайд карда мешавад. Дар ин рӯз дар тамоми ҷаҳон оид ба нишон додани оқибатҳои манфии тамокукашӣ, даъват кардани башарият аз ин иллати зараровар, коҳиш додани бемориҳои вобаста ба тамокукашӣ корҳои тағиботиву ташвиқотӣ гузаронида мешавад.
Мувофиқи маълумотҳои охирин, дар Ӯзбекистон зиёда аз 2,8 миллион нафар тамокукашони доимӣ мавҷуд буда, ҳаёти қариб нисфи онҳо зери хатар аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ