Зиндагӣ бо суръат пеш меравад, касе ба он расида натавонад, танҳо мемонад

Зиндагӣ бо суръат пеш меравад, касе ба он расида натавонад, танҳо мемонад

Ҳар кадоми мо дар бораи зиндагӣ, маънӣ ва мароми он, боре ҳам бошад, андешидаем. Ҳар кас маънии зиндагиро ба таври худ дарёфт кардааст. Вале, аз чӣ бошад, ки дар ин маврид мо, аксаран, ба андешаҳои дигарон такя намуда, дар баёни фикри худ аз онҳо иқтибос меорем.
Пас, биёед бингарем, ки бузургон дар бораи зиндагӣ чӣ андеша доранд?
Уилям Олҷер зиндагиро саргузашти аҷибе мешуморад, ки дар он барои расидан ба мақсад заҳри нокомиро низ чашидан ширин аст.
Элберт Грин Хаббард бошад, баръакси Уилям Олҷер, ҳушдор медиҳад, ки зиндагиро бисёр ҷиддӣ нагиред, ба ҳар ҳол, касе аз он зинда нарафтааст.
Ин ақидааш ба Грин Хаббард имкон додааст, ки боз як «кашфиёти» дигари ногаҳонӣ намояд: «Марг ин аз гуноҳ кардан боз мондан аст!» Маълум мешавад, ки Элберт Хаббард ҳазлкаши гузаро ҳам будааст.
Петр Павленко бошад, ба зиндагӣ назари шоирона дорад. Ӯ мефармояд: «Зиндагии кас на он рӯзҳое ба шумор меравад, ки ба сар бурдааст, балки он рӯзҳое аст, ки дар хотираш ба таври абадӣ нақш бастаанд».
Бозор ва талаботи он ба зиндагӣ ва қиматаш низ таъсир расондааст. Барои мисол, Кэтлин Норрис чунин хулоса намудааст, ки нархи зиндагӣ ҳамарӯза боло меравад, аммо, мутаассифона, талабот ба он кам гардида истодааст.
Ба ҳар ҳол, хушбашт будан ва хушбахтона зистан, ҳамеша мароми асосии зиндагии ҳар шахс аст. Эмил Золя низ ба ин андеша муътақид аст. Фақат ӯ хушбахтии ягонаро дар ҳамеша ба сӯи пеш ҳаракат кардан мебинад.
Адиби машҳури рус Фёдор Достоевский, ки ӯро файласуф ҳам ном мебаранду дар бораи зиндагӣ ва мақсади он аз ҳама бештар фалсафаронӣ намудааст, чунин мегӯяд: «Бояд зиндагиро бештар аз мақсади он дӯст дошт».
Ҳамтои дигари Достоевский – Максим Горкий, ки ошиқи зиндагӣ буд, чунин мешуморад: «Ба зиндагӣ на аз роҳи мастӣ, балки бо эҳтироси том, мисли оне, ки ба ҷангали муқаддаси пур аз зиндагӣ ва муаммо ворид мешавед, вуруд бояд шуд». Ҷои дигар ӯ мегӯяд, ки ба ҳар рӯз бояд чун ба зиндагии кӯчак назар афканд. Дар мавриди дигар Горкий таъкид месозад, ки зиндагӣ бо суръат пеш меравад, касе ба он расида натавонад, танҳо мемонад.
Аксаран ба зиндагӣ ва маънии он дар овони ҷавонӣ ва пирӣ андеша меронанд. Агар андешаҳои ҷавонон ба зиндагӣ некбинона бошад, пирон ба он чун файласуфон муносибат менамоянд. Ҷеферсон Дэвис ба чунин хулоса омадааст: барои он, ки пириро ба пародияи зиндагии ба сар бурдаатон табдил надиҳед, бояд ҳамон мақсадҳоеро, ки маънии зиндагиатонро ташкил медоданд, пайгирӣ намоед. Онҳо аксаран аз садоқат ва муҳаббат ба наздикон ва фаъолияти дӯстдошта иборатанд.
Пас, маълум мешавад, ки зиндагӣ як мафҳуми муғлақу норавшан набуда, агар ба он бо нигоҳи қаҳрамони мо бингарем, хеле падидаи ҷолиб аст. Месазад, ки зиндагӣ кард!
Таҳияи М. ТАБАРӢ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ