Китобхонаҳои  бузургтарини исломӣ дар ҷаҳон

Китобхонаҳои  бузургтарини исломӣ дар ҷаҳон

  • Post category:Фарҳанг

Меъёри  рушди фикрӣ ва фарҳангии ҳар ҷомеаро масрафи коғаз ва доштани китоб ва китобхона муайян мекунад. Аз ин рӯ лозим аст, назаре ба китобхонаҳои бузурги исломӣ бияфканем ва бубинем, ки мусулмонон дар тӯли таърихи тамаддуни шукуфои худ то чи андоза аз ин неъмати бузург баҳраманд будаанд.

Дар  асри ҳозир, ки асри мошин ва чоп ва фаровонии коғаз аст, 40 млрд ҷилд китоб дар 850 000 китобхонаи бузургу кӯчаки ҷаҳон вуҷуд дорад. Танҳо дар китобхонаи Кунгураи Амрико наздик ба 45 млн ҷилд китоб ва асноди таърихӣ вуҷуд дорад. Дар китобхонаи “Ленин” и Руссия наздик ба 25 млн ҷилд китоб ва нашрия мавҷуд аст. Дарозии китобхонаи охирин, ки сохта шуд 450 км аст. Аммо ҳамаи ин аҳаммияте нахоҳад дошт, зеро чунон ки гуфтем, ин аср, асри имконот аст. Башар бо васоили модерние, ки дар ихтиёр дорад, метавонад дар як соат миллионҳо ҷилд китоб ва нашрия чоп карда ба афкори умумӣ арза намояд.

        Вале дар замоне ки коғаз мисли ҳозир фаровон набуда ва китобҳо бо даст навишта мешуд ва васоили табодули афкор бисёр маҳдуд буд, мусулмонон китобхонаҳои дорои чанд миллион ҷилд китоб таъсис дода ва беҳтарин ва муҷаҳҳазтарин китобхонаҳоро ташкил доданд, ки худ шоёни таҳсин аст.

Аз ҳамон асри аввали исломӣ, яъне замони Умар ибни Абдулазиз мусулмонон даст ба таъсиси китобхона заданд, нахустин китобхонаи умумӣ аз замони Ҳорунаррашид бунёдгузорӣ шуд ва ба василаи Маъмун такмил гардид. Ин ҳамон китобхонаи маъруфи “Байтулҳикмат”-и Бағдод аст, ки бо тамоми васоил муҷаҳҳаз буда ва аз ҳамаи манотиқи фатҳшуда, китоб ва асноди таърихӣ ба он ҷо ҷазб мешуданд, ҳатто мактубе ба хатти Абдулмутталиб ҷадди Паёмбари Акрам (с), ки бар рӯи пӯст навишта шуда буд, дар он ҷо вуҷуд дошт. Инчунин донишмандон ва мутахассисон ба он даъват шудаанд. Аз қабили Аллома Шаъбӣ, Муҳаммад ибн Мўсои Хоразмӣ, Яҳё ибни Абўмансур, фарзандони Мусо ибни Шокир ва бисёре аз дигарон таҳти сарпарастии Саҳл ибни Ҳорун ва Салм мудирони Байтулҳикма ва раёсати Фазл ибни Навбахт дар он ҷо машғули истинсох (нусхабардорӣ) ва таълифи китобҳо ва таҳқиқ дар бораи масоили илмӣ будаанд.

Баъдҳо китобхонаҳои умумӣ ва хусусии дигар дар Ироқ, Испания, Миср, Шом, Эрон ва дигар кишварҳои исломӣ таъсис гардид, ки феҳрасте аз онҳо дар зер нақл мегардад.
Китобхонаи “Байтулҳикма”-и Бағдод,  4 млн ҷилд.
Тароблуси Шом, 3 млн.
Салтанати Қоҳира, 1 млн.
Дорулҳикма дар Қуртуба 400 000.
Дорулҳикмаи Қоҳира 100 000.
Расадхонаи Мароға 400 000.
Дорул-кутуби Рай 300 000.

Албатта китобхонаҳои зиёди дигаре дар нуқоти мухталифи кишвари паҳновари исломӣ вуҷуд доштаанд, ки омори дурусте аз китобҳои онҳо дар даст нест, аз қабили китобхонаи Иззуддавлаи Дайламӣ ки Муқаддасӣ мепиндошт, ҳеҷ китобе таълиф нашуда, магар ин ки нусхае дар он ҷо вуҷуд дошт, китобхонаи Сомониён дар Бухоро, китобхонаи Соҳиб ибни Аббод, вазири Фахруддавла, ки мегӯянд 400 шутур барои ҳамли китобҳои он лозим буд, китобхонаи Шопур ибни Ардашер, вазири Баҳоуддавлаи Дайламӣ, ки мегӯянд беш аз даҳ ҳазор ҷилд китоб доштааст, китобхонаи Марви Шоҳҷаҳон, ки Ёқути Ҳамавӣ мегӯяд: монанди он дар ҳеҷ ҷои олам пайдо намешавад, китобхонаи Аминуддавла, ки мегӯянд: 20 000 ҷилд китоб доштааст, китобхонаи Фатҳ ибни Хоқон, китобхонаи Абумутриф, китобхонаи Яъқуб ибни Кулис, китобхонаи Саид Ризо, китобхонаи Шайх Тӯсӣ, китобхонаи Равзаи Улвӣ, китобхонаи Низомияи Бағдод ва Нишопур, китобхонаи Муҳаммад ибни Ҳусайни Бағдодӣ, ки ибни Надим мегӯяд: Чунин китобхонае дар ҳеҷ ҷои дунё надида будам. Инчунин 22 китобхона дар Туркия ва 70 китобхонаи умумӣ дар Испания ва 600 китобхонаи умумӣ ва хусусӣ дар вилоёти Эрон ва ғайра.

Дар кишвари Миср низ китобхонаҳои муҳими зиёдест, ки аз он ҷумла:
Китобхонаи Мисрия 840 508 муҷаллад.
Равоқҳо ва Ҷомеи Азҳар 42 000.
Мадрасаи Ҳуқуқ 9 950.
Мадрасаи Тиб 15 000.
Маҷмааи илмии Миср 23 000.
Китобхонаҳои Масоҷид 35 567.

Дар Сурия, Ҳинд, Покистон, Туркия ва дигар кишварҳои исломӣ китобхонаҳои зиёд вуҷуд дорад.
Хулоса ин ки вуҷуди китобхонаҳои зиёд дар гўшаву канори кишварҳои исломӣ, ки баъзе аз онҳо беш аз 3 ё 4 млн китоб доштаанд ва он ҳам дар он замонҳое, ки чоп ва васоили табодули афкор мисли имрӯз набуда

ва коғаз ва абзори нигориш маҳдуд буд, нишонаи тамаддуни шукуфон ва рӯҳи донишпарварии Ислом ва фарҳангдӯстии мусулмонон аст.
Ҳамаи ин қайдҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки мардуми мусалмон даст болои даст гузошта, барои маърифатнокии мардуми олам талошҳо ба харҷ доданд, то мардум бесавод намонанд. Имрўз Пешвои миллат низ барои дўстдорони китоб ва китобхонӣ таваҷҷуҳи хосса доранд ва сутуни илмҳои дунёро китоб номида, дар бораи баланд бардоштани мавқеи китобхонаҳо борҳо изҳори назар кардаанд. Оре, китоб калиди хазинаи илму маърифат буда, таҷрибаю дониши донотарини доноёнро дар бар мегирад. Китоб аҳамияти бузурги тарбиявию ахлокиро дорост.  Китоб барои мо дўсти бовафо, маслиҳатгари беминнат, рафики беғараз, ҳамдаму ҳамсўҳбати мувофиқ ва ниҳоят сарвати бебаҳо аст. Миллати мо бо китоб ва китобхонӣ дар ҷаҳони мутамаддин мақоми шоиста касб кардааст. Зеро китоб дар радифи Модар ва Ватан арзандатарин муқаддасот ба ҳисоб меравад.

Хомўшов Ҷамолиддин

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ