Имрўз зодрўзи шоира ва муҳақиқ Дилшодаи Фарҳодзод

Имрўз зодрўзи шоира ва муҳақиқ Дилшодаи Фарҳодзод

ШОИРА ВА ПАЖЎҲАНДАИ ДИЛОШНО

Имсол ба пой барф дорад Наврўз,
Ҳеҷам ба замин по нафишонад Наврўз.
Ман дар бағали ёр куҷо гарм шавам,
То васли маро муҳол дорад Наврўз?

Ин рубоӣ баёнгари ҳолати ҳуснангези Наврўз ва баҳори имсола низ ҳаст, ҳарчанд пештар гуфта шудааст. Муаллифи он устоди Донишгоҳи давлатии шаҳри Самарқанд Дилшоди Фарҳодзод, бонуи дардошнову аҳли дил, муҳаққиқе бо нигоҳи хос ва инсони асилу қадршиносест, ки то кунун се маҷмўаи шеърашро ба дасти хонанда супоридааст.
Натиҷаи пажўҳишҳои илмияш дар шакли мақолаҳо ва рисолаи «Поэтикаи ашъори Фарзона» интишор шудаву муаллифи худро чун муҳаққиқи адабиёт ва шефтаи сухани бадеӣ дар муҳити адабии Самарқанд ва ҳавзаҳои адабии Бухорову Термиз, Фарғонаву Тошканд ва Душанбеву Хуҷанд муаррифӣ намудааст.
Ў ҳамчун рўзноманигори пуркору заҳматқарин ва ботаҷриба низ дар ин муҳити илмӣ ва берун аз он ошност. Саҳми Дилшода ва ҳаммаслакони ў дар тарғиби фарҳанг ва интишори хабару гузоришҳои ҷолиб аз рўзгори мардуми тоҷик дар рўзномаи «Овози Самарқанд» чашмрас аст. Ибтидои соли равон ба муносибати 30-солагии рўзномаи мазкур як силсила китобҳои ҷолибу хонданӣ аз тарафи кормандони ин рўзнома ба нашр расид, ки саҳми Дилшода низ дар гирдоварии маводи он китобҳо назаррас будааст.
Намунаи мусоҳиба ва мақолаву гузоришҳои илмии Дилшодаи Фарҳодзод дар рўзномаву маҷаллаҳои Душанбе низ чоп ва писанди хонандагон шудаанд.
Дар фароварди сухан мехоҳам як навиштаи Дилшодаро ҳамчун ҳусни мақтаъ ба ҳайси таманнои сарсабзии ў чун арчаҳои баландқомату сарафроз ва умрдарози диёри ҳамешабаҳори тоҷикон ва барору комгориҳои бештари мавсуф дар ҷодаи шеъру таҳқиқ зикр намоям.

Шеър аз Дилшоди Фарҳодзод

ШАҲРИ ДИЛ

(Манзума)
Самарқанди гилам гаҳвораҷунбон аст,
Самарқанди дилам –тифли умеде
аз раҳоварди паёми шоҳи мардон аст,-
Паёми растагиву растагориву расиданҳо…

…Чаро дилбастагӣ дорам ба ин шаҳр?
Чи пайванде миёни мост?
Чаро по бастаам дилро ба ин шаҳр,
Ба кӣ вобастаам..?

Чаро ин хок мехонад ба ҳар дам?
Бухоро бошаму дар Амрико бошам, –
чи аз наздик ё аз дур,
Маро ин хок мехонад ба ҳар дам…

Ту гӯӣ пӯстпайвандам ба ҷисмаш,
Ту гӯӣ дӯстпайвандам ба ҷонаш,
Ба хуршедаш –нонаш,
Ба хокаш –устухонаш.
Бале, як шохапайвандам
андар шонаи тановари боғи ниё,
дар остонаш.

Ниёву қиблагоҳамро
дарахти ёдгори рӯи ҳавлӣ пой бар ҷояст.
Варо ман дӯстдорӣ менамоям гоҳ.
Ба рӯи панҷаи шахшӯли он бинҳода дастонам,
ту гӯӣ менавозам дастҳошонро.
Намедонам, чаро ман дӯст медорам дарахтонро…

Намедонам…
Кӣ медонад?…
Замин –“хоки паноҳанда”
маро гоҳо ба сӯи хеш мехонад,
Ба ҳар як зарра аз хоки вуҷудам,
Ба гарди пораҳои устухонам
орзуманд аст.

Чунонам менамояд ҷазб,
Чунон гӯӣ, ки орифро
кашад ҷозибаи хоки сурайёяш.
Маъонии зи батни хок то ин ҷо расиданро,
Дубора бозгаштанро ба оғӯшаш
ба барги зарди поиз
мекунам талқин.
(Ту гарди устухонамро аз ин бум
Нагардонӣ дур, ай парвардигор,
Омин!)

Ман аз дунёву аз хоки Самарқандам,
Бале, хоки Самарқандам…
Ҳама гӯянд “Регистону Шоҳизиндаву
ҳар санг аз ин шаҳр
Ба ҷони сокинонаш ҷои тӯмор аст”…
Маро дар сина темор аст…
Чаро гӯянд “хоки ин замин – вазнин”?
“Гаронҷон аст” мегӯянд?

Ба ҳар як кӯча ин шаҳр
аз паи пои бузургонаш
шарофат дошт,
Зи кимёи нафасҳои бузургон
гӯӣ испар рӯи офат дошт.
Дигар,
Он кӯчаҳояш ин шарофатро гадоӣ мекунанд яксар…

Бале,
Шояд ки хоки шаҳр вазнин аст, –
Дурӯғ ин ҷо, бале, томот мебофад,
Гунаҳ ин ҷо чу лӯлӣ баччазо аст,
Ва бунёди ҳама имону виҷдон суст меларзад,
Агарчи файз меборад, аз ин аст.

“Чу ҳар ҷое гуноҳ аст,
файз меёбад фаровонӣ” .
Ало, эй ёри ҷонӣ, ёри ҷонӣ!
Накӯхоҳони хокаш даст бар омин агар доранд,
Дуое мисли собун бар тани ин шаҳр,
мисоли марҳаме бар захм,
бигзоранд,
Бале, ёбад зи алтофи Худовандаш фаровонӣ.

Чаро вораста на, –
по бастаам дилро ба ин манзил,
Чаро воменамоям беҳтарин вассофи ин шаҳрам?
Чу ман дар дил
бунёди Самарқанди дигар дорам,
Мисоли гавҳари носуфта аст, оре,
Ва ин гавҳар, хаёлашро
Кафи гавҳаршиносаш дурҷи симин аст,
Ки ноёб аст.
Ту гӯӣ Шамс нопайдову
Қунё шаҳри бетоб аст.
Бале, шаҳри дилам як гавҳари носуфта аст, оре.

Варо бунёд хоҳам кард,
Агарчи дар баҳои устухон бишка

станам бошад,
Ва ё бо зарраҳо пайвастанам бошад,
Варо обод хоҳам кард…

Ман аз он рӯз, ки Ҷавзоям
зи бурҷи худ дурҷе армуғон овард,
Ба паҳлӯи дили ман як дилеро, – арғувон, овард,
Ду дил дар сина андар пуршарар дорам.
Ба як дил шаҳрванди ин Самарқандам,
Ба ҷайби як дили дигар ҳуҷҷат
аз Самарқанди дигар дорам.
Дигар,
Дар пои ин гуфтори манзум
чу халхоле, ки ангезанда бошад мавҷи овояш,
Дар даст
як хабар дорам:
Агар хоки Самарқанди диламро сабз гардонам,
Ва боғи манзиламро сабз гардонам,
Ту гӯӣ ҳар Самарқандам ба худ дилбанд мегардад,
Аз он пас ин дилам бо он дилам пайванд мегардад.
Дарахтони ниёгонам зи нав гулбанд мегардад.
Самарқанди гилам – обод,
Самарқанди дилам – озод.

1 Таъбир аз Мавлавии Балхӣ
2 Таъбир аз Фурӯғи Фаррухзод
3 Номаи Павлус ба румиён

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ