Нахустин доруи зидди COVID-19 дар Русия аз сӯйи Вазорати тандурустӣ тасдиқ шуд

Вазорати тандурустии Русия аввалин доруи сохти ватании зидди коронавирусро барои истеҳсол иҷоза дод, хабар медиҳад РИА Новости.
Маводи доруворӣ бо тамғаи иҷоратии “Авифавир” аз ҷониби Фонди сармоягузории мустақими Русия (РФПИ) ва гурӯҳи ширкатҳои «Химрар» таҳия карда шудааст.
Гуфта мешавад, Авифавир нахустин доруи мустақими вирусии сохти  Русия аст, ки дар озмоишҳои клиникӣ самараи худро нишон додааст.
Дору ба паҳншавии коронавирус дар тамоми бадани инсон халал мерасонад.
Қаблан Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ гуфта буд, ки бидуни ваксина пандемияро комилан мағлуб имкон надорад.
“Авифавир на танҳо доруи антивирусӣ алайҳи коронавирус дар Русия ба қайд гирифта шудааст, балки мумкин аст, умедворкунандатарин доруи зидди COVID-19 дар ҷаҳон бошад”,- гуфт директори генералии Фонди сармоягузории мустақими Русия (РФПИ) Кирилл Дмитриев.
Санаи 24 май, нахустурологии Вазорати тандурустӣ, академик Дмитрий Пушкар эълон карда буд, ки аввалин дору барои табобати коронавирус дар бозори Русия моҳи июн пайдо мешавад. Ба гуфтаи табиб, бо истифода аз ин дору, табобати сирояти коронавирус на зиёда аз як ҳафта тул хоҳад кашид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ