Дар ноҳияи Пайариқ ба 11 нафар кормандони соҳаи тиб сирояти коронавирус муайян гаштааст

Дар ноҳияи Пайариқ ба 11 нафар кормандони соҳаи тиб сирояти коронавирус муайян гаштааст

Мувофиқи маълумоти хизмати матбуотии ҳокимияти ноҳияи Пайариқ, ба 28 нафар сокинони ин ноҳия сирояти коронавирус ошкор шудааст.

Аз беморон 11 нафар кормантони соҳаи тандурустӣ (10 вилоят, 1нафар ноҳия), 1 нафар корманди идораи газ, 1 нафар корманди корҳои дохилӣ, 3 нафар коргарони мавсимӣ, 1 нафар ронанда, 1 нафар соҳибкор, 4 нафар кадбону, 2 нафар хонандагони мактаб ва 4 нафар нафақахӯрон мебошанд.
Дирӯз, 30-юми май, кормандони Маркази саломатии санитариву эпидемиологӣ дар 186 хонадон корҳои таҳқиқоти эпидемиологиро анҷом доданд. Ҳарорати бадани 736 нафар шаҳрванд чен карда шуд, ки дар 5 нафар онҳо баланд шудани ҳарорати бадан муайян карда шуд.

Аз 162 нафар шаҳрванд санҷишҳои тестии коронавирус гузаронида шуда, 186 то хонадон дезинфексия карда шуд. 17 то хонадон дар муддати 14 рӯз карантин шуданд.
Дар 51 то бинои маъмурӣ, 52 то мағозаи савдо, 16 то мағозаи гӯштфурӯшӣ, 34 то дорухона, 6 то ошхона, ки бо интиқолдиҳӣ машғуланд, коридорҳои даромадгоҳи 4 хонаи бисёрқабата ва майдончаҳои бачагонаи ноҳия корҳои дезинфексиякунонӣ анҷом дода шуд.
Дар марказ бо 234 то мошин корҳои безараргардонӣ ба анҷом расонида шуд.

Дар даромадгоҳ ва баромадҳои манзилгоҳи Лаззат, маҳаллаҳои Имом Бухорӣ, Янгиҳаёт, Қумчук, инчунин дар даромад ва буромадгоҳи шаҳри Пайариқ навбатдорӣ ташкил гардида, тадбирҳои безараргардонӣ гузаронида мешаванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ