Ҳаҷми истеҳсоли тилло, нуқра ва мис зиёд мешавад

Ҳаҷми истеҳсоли тилло, нуқра ва мис зиёд мешавад

Ҷамъияти саҳҳомии «Комбинати кон-металлургияи Олмалиқ»-и Тошканд аз рӯйи истеҳсоли металлҳои ноёб на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар ҷаҳон ҳам яке аз корхонаҳои азим мебошад. Солҳои охир дар корхона лоиҳаҳои калони инвеститсионӣ амалӣ гардида, суръати истеҳсолот ривоҷ меёбад. Ҳоло дар доираи азхуднамоии кони нав ба корхона беш аз 1500 нафар коргар ва 330 техникаи корӣ сафарбар шудааст. Барои расидан ба қабати руда 117 миллион тонна хок ва ҷинсҳои қабати болоӣ бароварда шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ