Имрӯз дар Арабистони Саудӣ беш аз 90 ҳазор масҷидҳо дари худро боз намуданд

Имрӯз дар Арабистони Саудӣ беш аз 90 ҳазор масҷидҳо дари худро боз намуданд

  • Post category:Ҷаҳон

Зиёда аз 90 ҳазор масҷидҳо ва ибодатгоҳҳо дар саросари Арабистони Саудӣ пас аз тавақуфи тӯлонӣ дар пайи паҳншавии коронавирус бомдоди имрӯз боз шуданд.
Дар бораи имрӯз кушодашавии ин рақам масоҷид Вазорати корҳои исломии Саудӣ дар сафҳаи Твиттерияш хабар дода буд.
«Омодагиҳои ниҳоӣ пеш аз оғози боз шудани беш аз 90 ҳазор масҷид ва ибодатхонаҳо  дар тамоми Арабистони Саудӣ барои намози бомдоди якшанбе идома доранд», — омадааст дар иттилоияи вазорат.
Вазорат ҳузури одамони пиронсол ва кӯдаконро ҳангоми намозҳо номатлуб номидааст.
Ҳамзамон гуфта мешавад, аз намозгузорон даъват шудааст ба намоз танҳо бо ниқоб омада, инчунин масофаи ду метрро нигоҳ доранд, ки барои ин дар қолинҳои масҷид аломатҳои махсус гузошта шудаанд.
 Ба иттилои манбаъ,  масҷидҳоро танҳо 20 дақиқа пеш аз оғози намоз боз мекунанд ва пас аз 20 дақиқаи адои намоз баста мешаванд.
Бар пояи оморҳои ахир теъдоди гирифторони коронавирус дар Арабистони  Саудӣ ба 83 384 нафар мерасад. Ҳамзамон аз ин беморӣ 58 883 нафар шифо ёфтаву 4 80 тани дигар фавтидаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ