Афғонистон ба мусибати бузург гирифтор хоҳад шуд. Агар…

Афғонистон ба мусибати бузург гирифтор хоҳад шуд. Агар…
  • Post category:Ҷаҳон

Ваҳиди Маҷруҳ рӯзи якшанбе ҳушдор дод, ки агар мардум дар мубориза бо бемории КОВИД-19 бо ин вазоратхона ҳамкорӣ накунанд, Афғонистон ба мусибати бузург гирифтор хоҳад шуд, навиштааст хабаргузории «Парстудей».
Манбаъ аз қавли ин мақоми Вазорати беҳдошти Афғонистон илова намуд, ки мутаассифона доманаи коронавирус дар ин кишвар дар ҳоли густариш аст ва танҳо роҳи муқобила бо он, истифода аз ниқоби тиббӣ, ҳифзи фосилагирии иҷтимоӣ, пешгирӣ аз ҳузур дар маконҳои серодам ва шустани дастҳо аст.
Бар асоси Вазорати беҳдошти Афғонистон то кунун 13 ҳазору 660 нафар дар ин кишвар ба коронавирус гирифтор ва 246 нафар низ фавт шудаанд.
Дар ҷаҳон низ то кунун ҳудуди шаш миллиону 200 ҳазор нафар ба бемории КОВИД-19 мубтало шуда ва 380 ҳазор нафар низ ҷон бохтаанд.
Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, Амрико(1 805 745 нафар), Бразилия (498 440), Русия (396 575), Испания (239 228), Британияи Кабир (272 826), Италия (232 264), Олмон (183 234), Ҳиндустон (182 143) ва Туркия (163 103) Перу (155 671) дохил мешаванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ