Худсарона автомошинронии навраси 15-сола ба марги бачаи 6-сола сабаб шуд

Худсарона автомошинронии навраси 15-сола ба марги бачаи 6-сола сабаб шуд

Соати 19:30-и рӯзи 30-юми майи соли ҷорӣ сокини 61-солаи маҳаллаи Раваллиқи ноҳияи Ш.Рашидови вилояти Ҷиззах Т.Н. (мард) бо мошини боркаши «Газ-69»-и худ ба хонаи ҳамқишлоқаш Н.З. мизу курсиҳо оварда, мошинро беназорат мегузорад. Шиноси ҳамроҳ овардааш-писараки 15-сола С.Э. мошинро худсарони ронданӣ шуда, онро пеш мебарад. Дар натиҷа, бачаи 6-солаи назди ин хона бозӣкардаистода (Б.Х) — ро зер мекунад. Дар натиҷа, Б.Х. ҷароҳати вазнини танӣ гирифта, дар ҷойи воқеа вафот мекунад. Аз рӯйи ҳолати мазкур аз ҷониби шӯъбаи кофтуковии ШКД-и ноҳияи Ш.Рашидов бо қисми 2-и моддаи 266-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ