ОЛАМИ БЕҒУБОРИ КӮДАКОН

ОЛАМИ БЕҒУБОРИ КӮДАКОН

  • Post category:Асосӣ



Дар дунё аз ҳама неъмати бузурги Офаридгор ва чизи ширинтарини инсон фарзанд мебошад. Аз рӯзи ба дунё омадани кӯдак мо бо ҳазору умеду орзуҳо ба ӯ ном мегузорем. Аллаҳо мехонем, афсонаҳо мегӯйем, ки дар оянда одами боақлу одоб, боинсоф, хушфеълу хуллас лойиқи номи «одам» шавад. Бо гузашти вақт, онҳо низ рӯз аз рӯз ба воя мерасанд. Мувофиқи синну соли худ рафтору кирдору гуфтор мекунанд. Албатта, ҳамаи он рафторҳое, ки аз тарафи кӯдакон содир мешавад, бафикрам ҳеҷ як волидайну бобову бибиҳоро беэътибор намегузорад. Кӯдакон соҳиби олами беғубори худро доранд. Аз ҳар як олами онҳо ҳазорҳо маънӣ бардоштан мумкин аст. Инак, ман низ якчанд ҳикоячаҳо аз ҳаёти воқеии худ барои дар рӯзи иди бачаҳо барои онҳо тӯҳфа карданиам. Агар манзурашон гардад, бениҳоят шодмонам.

ДИГАРГУНСОЗӢ
Модараш ба Фаршед шеърҳои бачагонаро аз ёд кунонид. Лекин ба Фаршед баъзе калимаҳои шеър маъқул набуд. Аз ин рӯ, ӯ дар вақти такроран гуфтан он калимаҳоро дигаргун карда мехонд:
Зоғи ало қар – қар,
Чи мехӯрӣ ҳалбои «аққол».

НАВГОНӢ
Фаршед дар кӯдакистони таълимоташ ба забони русӣ мерафт. Аз он ҷо ба забони русӣ гуфтани ному насабашро омӯхта буд. Меҳмонон ё калонҳои оила аз ӯ ному фамилияашро пурсанд, ӯ дар ҷавоб мегуфт:
− Меня зовут Фурқатов Фаршед Неъматович.
Рӯзе падараш ӯро сарзаниш кард. Вай назди бибиаш омада пурсид:
− Бибиҷон, ба ҷойи номи падарам номи очаамро монда, «Ман Фурқатов Фаршед Мадинаевич гӯям намешавад?»
− Фурқатов Фаршед Маҳинадович гӯям намешавад?

МАН БА ШУМО ШОКОЛАД МЕДИҲАМ
Фаршед ба кӯдакистон рафтан намехост. Ҳар рӯз вақти рафтан гиряву хархаша мебардошт. Бибиаш барои ором карда фиристодани ӯ ҳар рӯз шоколаду шириниҳо медод. Рӯзе Фаршед аз кӯдакистон омада гуфт:
− Ман пагоҳ ба боғча намеравам.
Бибиаш:
− Пагоҳ вақти боғчаравиат боз ба ту шоколад медиҳам,–гӯён набераашро дӯстдорӣ кард.
Фаршед бошад, худро аз оғӯши бибиаш раҳонида гуфт:
− Ман ба шумо шоколад медиҳам. Ба ҷойи ман худатон ба боғча равед!

«АЗ ХУД РАФТААМ»
Фаршед аз кӯдакистон хеле ғамгин баргашт. Ҳатто шӯхиву бесаранҷомӣ намекард. Аз ин аҳволи ӯ аҳли оила ҳайрон шуданд. Вақте, ки модар сабабашро пурсид, ӯ дар ҷавоб гуфт:
− Имрӯз мана боғчахолаам дар кунҷак монданд.
− Барои чӣ туро ба кунҷи хона гузоштанд? – боз савол дод модараш.
− Аз худ рафтаам, – гӯён гиряро бардошт.

ҲАРФИ “Р”
Бобо саросемавор ба маҷлиси маҳалла мерафт. Ногоҳ наберааш Ирфонҷони чорсола аз оқиби бобояш баромада, гуфт:

  • Бобоҷон, ба шумо гапи зарурам ҳаст.
    Бобо хеле саросема буд. То маҷлис ҳамагӣ панҷ дақиқа монда бошад
    ҳам, барои наранҷонидани наберааш ҷавоб дод:
  • Гап занед, ҷони бобо.
  • Дастотона паст када, нағзакак мана гӯш кунед.
    Бобо, мисли талабае, ки муаллимашро бо диққат мешунавад,
    дастонашро паст кард.
  • Бобоҷон ман гуфтани ҳарфи “Р”-ро ёд гирифтам. Мана бинед: арра,
    барра, дарахт, Сардор, Собир, Амир… − ва дигар калимаҳое, ки ҳарфи “Р” дорад, бехатову бурро қатор кард.
  • Офарин, ҷони бобо. Ман медонистам, албатта ту аз ӯҳдаи
    гуфтани ин ҳарф мебароӣ, –гуфта бобо аз пешонаи наберааш бӯсид.
    Бобо раҳораҳ рафтори набераашро фикр карда, ба хулосае омад, ки гапи акаву ойтиҳояш сахт таъсир кардааст ва ба азми наберааш қоил шуда дар лабонаш табассум гул кард.

ЯКТА ХАНДЕД
Фаршед бо шӯхиву балогиҳои худ аҳли оиларо нороҳат мекард. Аз ин рафтори ӯ модараш дарғазаб шуда, Фаршедро сарзаниш кард. Ҳамчун нишони норозигӣ чеҳра турш намуд.
Фаршед аз хиҷолат чӣ кор карданашро намедонист. Назди модараш омада, ӯро ба оғӯш гирифта, меҳрубонона ба рӯйи модараш нигарист. Абрӯвони модар ҳамон пурчин буд. Аз рухсораҳои модараш бӯсид, аҳвол дигар нашуд. Аз модараш пурсид:

  • Бийиҷон, ман аққол-а?
  • Не, ту ганда, гапи маро гӯш накардӣ, – бо ҷаҳл ҷавоб дод модар.
  • Аққол гӯйед, бийиҷон. – ба зорӣ даромад Фаршед.
    Лекин аз модараш садое набаромад.
  • Якта хандед, бийиҷон. Мана инхел када, хандед, – бо мақсади ба дили
    модараш роҳ ёфтан Фаршед хандаи сохта карда, ба модараш намуна нишон дод. – Ман дигар балогӣ намекунам. Хай, бийиҷон?..
    Аз ин дилёбии ӯ беихтиёр модар хандида фиристод.

СУЛФА
Фаршед а

з боғча омада дид, ки модарашу хоҳарчааш дар хона нестанд. Аз бобояш фаҳмид, ки онҳо ба хонаи бибии модариаш рафтаанд. Аз ин алами Фаршед омада, “Ман ҳам ба хонаи онаи дурам” меравам гӯён гиряро бардошт. Бобо илоҷе карда, ӯро ором намуд.
Баъди чанде модараш омад. Вақти ивазкунии либосҳои хоҳарчааш – Адиба сулфид. Инро шунида, Фаршед ҳамчун калонсолон ба модараш рӯ овард:
− Барои чӣ Адиба сулфа мекунад? Дар хонаи бибии дурамон чӣ хӯрд?
− Ҳеҷ чиз нахӯрдааст. Сулфаи одам ояд сулфа мекунад-дия. – бехабар аз
мақсади ниҳонии Фаршед ҷавоб дод модар.
Фаршед бо қаҳр гуфт:
− Шумо, ғарқи гапзанӣ шуда, ба Адиба нигоҳ накардагӣ. Вай аз
рӯйи хона ягон чизро гирифта хӯрда бошад, ҳамин хел сулфа мекунад. Агар манро ҳамроҳ мебурдед, ин хел намешуд. Худам ба укаҷонам нағзакак нигоҳ мекардам. Ин дафъа бе ман ба хонаи бибии дурам наравед, фаҳмидед!
Маликаи БАХТИЁР.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ