«Ӯзгидромет» — Дар тобистон ҳарорати аз меъёр барзиёд дар назар аст

«Ӯзгидромет» — Дар тобистон ҳарорати аз меъёр барзиёд дар назар аст

Дар охири баҳор дар Ӯзбекистон ҳавои гарм ба назар расид. Ҳафтаи охирини май ҳарорати ҳаво то 26-38 дараҷа, дар ҷануб бошад, то 40 дараҷа баланд шуд. Бино ба хабари «Ӯзгидромет» ҳарорати баландтарин дар Ҷумҳурияти Қароқалпоқистон, вилоятҳои Хоразм, Бухоро ва Навоӣ қайд гардид. Дар ин ҳудудҳо ҳаво то 40-42 дараҷа, дар баъзе минтақаҳои саҳроӣ бошад, то 43-44 дараҷа гарм шуд. Ин аз нишондоди моҳи май ба 5-7 дараҷа, дар шимол то 8-10 дараҷа баланд аст. Бино ба хабари «Ӯзгидромет» дар панҷ рӯзи ҳафтаи аввали июн ҳаво то 40 дараҷа, дар баъзе ҷойҳои ҷануб бошад, то 43 дараҷа гарм шуданаш дар назар аст. Рӯзҳои истироҳат ҳарорат каме паст мефарояд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ