Зироат Мирзиёева кӯдаконро бо Рӯзи байналхалқии ҳифзи кӯдакон табрик кард

Зироат Мирзиёева кӯдаконро бо Рӯзи байналхалқии ҳифзи кӯдакон табрик кард


Раиси Шӯрои сарпарастони Хазинаи «Замин» Зироат Мирзиёева тамоми кӯдакони Ӯзбекистонро бо Рӯзи байналхалқии ҳифзи кӯдакон табрик гуфт.
“Бачаҳои азиз! Шуморо бо Рӯзи байналхалқии кӯдакон табрик мекунем! Орзу дорам, ки ҳар як писар ва духтарони Ӯзбекистон дар кишвари осоишта, дар оғӯши волидонашон сиҳату саломат ба воя мерасанд.
Мо одат кардаем, ки 1-уми июнро ҳамчун ҷашн таҷлил намоем. Аммо имрӯз толорҳои консертиву театр ва боғҳои истироҳатӣ бидуни садои хушу хандаҳои беғубори кӯдакон бефайз гаштааст. Ин ҳолат қариб дар ҳама кишварҳо мушоҳида мешавад, ва кӯдакон дар саросари ҷаҳон маҷбур мешаванд, ки бештари вақти худро дар хона чун калонсолон гузаронанд. Дар айни синну соли бозиву серҳаракатӣ албатта ин кори осон нест. Аммо вазъият инро тақозо мекунад.
Писарону духтарони ман.

Гарчанде ки имрӯз ҳамаи мо дар таътили карантинӣ қарор дорем! Шумо метавонед дар хона китоб хонед, истеъдоди худро дар санъати тасвирӣ ё мусиқӣ санҷед, илмҳои иловагӣ, забонҳои хориҷиро омӯзед, инчунин, дониш ва тафаккури худро тавассути Интернет васеъ намоед.
Хазинаи «Замин» омода аст, ки новобаста аз ҳолати ҷисмонӣ ба ҳамаи кӯдакон хурсандӣ орад. Охир, шумо нури чашмонамон, оянда ва мазмуни ҳаёти моед!

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ